Дар вилояти Нангарҳор 20 силоҳбадаст кушта шуд

Июль 31, 2015 04:38

Душанбе, 31.07.15. (АМИТ «Ховар»). — Рӯзи  чоршанбе дар  ҳудуди  вилояти  Нангарҳори  Афғонистон  бо  иштироки  қувваҳои  авиатсия  амалиёти  навбатии  ҳарбӣ  сурат  гирифта,  дар  натиҷаи он  шӯришгарон  талафот  доданд. 
Тавре  ки  Афғонистон.ру  хабар  медиҳад, амалиёти  ҳарбӣ  дар  вулусволии Хаска Мина сурат  гирифта,  бар  асари  ҳамлаи  тайёраҳои   низомӣ 20  силоҳбадаст  кушта  шуд. 
Ба  гуфтаи   намояндаи  волии   вилоят,  ҳангоми  амалиёти  ҳарбӣ  ягон  сокини  осоишта  осеб  надидааст,  хабар  медиҳад Агентии иттилоотии «Хома Пресс». Тайи  якчанд  моҳи  охир  дар  вилояти  Нангарҳор  бинобар  авҷ  гирифтани  муборизаи  байни  «Толибон» ва «Давлати  исломӣ» амалиёти  силоҳбадастон  вусъат  ёфт,  вале посдорони тартибот бо  мадади  НАТО  кӯшиш  доранд, ки  вазъиятро  таҳти  назорати  худ  қарор  диҳанд.

Июль 31, 2015 04:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст