Дарёфти 55 ҷасад аз ҷониби наҷотдиҳандагон

Июль 14, 2015 09:31

Душанбе, 14.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар  натиҷаи корҳои бартарафкунии наҷотдиҳӣ, сангрезӣ, гузаронидани корҳои кофтуковии рўиобӣ ва зериобӣ  55 ҷасад дарёфт шуд.  Соли 2014  21 ҷасад дарёфт шуда буд.  Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ  дар 180 амалиёти кофтуковӣ-наҷотдиҳӣ 44 нафарро наҷот доданд. 
          Тавре ки котиби матбуотии кумита Ориф Нозимов иттилоъ дод, барои кам кардани зарар  ва талафоти ҷонӣ дар соли 2015 кӯчонидани  350 хоҷагии муҳоҷири экологӣ ба нақша гирифта шуда, дар давраи ҳисоботӣ 82 хоҷагӣ ба ҷои бехавф кўчонида шуда, бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардид.

 

Июль 14, 2015 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш