Дарёфти ҷасади шахсияташ номаълум
Душанбе, 16. 07. 2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- 14 июли соли 2015, соати 10:00-дақиқа аз наздикии дарёи Кофарниҳон дар заминҳои ҶДММ “Алиф”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ ҷасади марди шахсияташ номаълум, тахминан 45-55-сола, дарёфт шуд.
Тавре ки ВКД ҶТ иттилоъ медиҳад, нишонаҳои ин шахс: қадаш 1,75-1,80 см, сабзина, мӯи сараш сафеду сиёҳ, 6 адад дандони поёниаш аз пеш тиллоӣ, андозаи пойафзолаш 42-43 см мебошад.
«Аз шаҳрвандон хоҳиш мешавад, ки ҷиҳати муайян намудани шахсияти ҷасади мазкур бо мақомоти корҳои дохилӣ ҳамкорӣ намуда, агар маълумоте дошта бошанд, ба «Телефони боварӣ»-и вазири корҳои дохилӣ: 221-21-21, ё ба қисми навбатдории ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо рақами (83136)-2-31-22 занг зананд»,- зикр менамояд сарчашма.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






