Дастовардҳои хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои байналхалқӣ
Душанбе, 20.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Аз 4 то 16 июл дар Шоҳигарии Таиланд хонандагони литсейҳои лаёқатманди ҷумҳурӣ дар олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни математика иштирок намуда, сазовори ду ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Тавре ки аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, инчунин аз 5 то 17 июл дар Федератсияи Русия хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсейҳои президентӣ дар олимпиада аз фанни метаматика иштирок намуда, соҳиби 2 ҷойи аввал, 2 ҷойи дуюм ва 4 ҷойи сеюм гардиданд. Миёни дастаҳо дастаи хонандагони тоҷик бо дарёфти 8 медал мақоми аввалро соҳиб гардид.
Мавриди зикр аст, ки хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои байналхалқӣ фаъолона ширкат намуда, сазовори 99 медал, аз ҷумла 20 медали тилло, 24 медали нуқра ва 55 медали биринҷӣ гардидаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






