ДИИШ дар ҳоли нобудӣ қарор дорад

Июль 15, 2015 05:48

  Душанбе, 15.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Аъзои гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» бо мақсади ҷуброн намудани камбуди неруи низомии худ баёнияеро байни мардуми Салоҳиддини Ироқ паҳн намудаанд.
Тавре ки пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии «ДИИШ нюс» хабар медиҳад, аъзои ин гурӯҳ дар охирин рӯзҳои моҳи мубораки Рамазон бо ҳузур дар байни мардуми шаҳрҳои гуногун аз онон хостаанд, то садоқати худро ба Абубакри Бағдодӣ  — халифаи худхондаи ДИИШ нишон диҳанд. 
Дар пайи шикастҳои густардаи ДИИШ дар минтақаҳои Ироқу Сурия ин гурӯҳак фаъолиятҳои таблиғотии худро чандин баробар кардааст, то битавонад бо ҷазби неруҳои тозанафас минтақаҳои таҳти ишғоли худро ҳифз намояд. Аммо ба ҳиммати неруҳои мардумии ироқӣ ва суриягӣ ин гурӯҳаки террористӣ дар ҳоли нобудшавӣ қарор дорад.

Июль 15, 2015 05:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст