Душанбеву Деҳлӣ муносиботро тақвият мебахшанд

Июль 10, 2015 08:20

     Душанбе, 10.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Интизор  меравад, ки зимни сафари давлатии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди ба Ҷумҳурии  Тоҷикистон байни ду кишвар созишномаҳо баста шаванд. 
     Абдулфайз  Атоев- сардори Раёсати иттилоот, матбуот,  таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон  10 июл дар ҷараёни  брифинг дар Душанбе ба намояндагони  расонаҳои хабарии маҳалию хориҷӣ гуфт, ки  муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ҳиндустон  28 августи соли 1992  барқарор гардиданд. Дар ин муддат  сафарҳои ҳайатҳои  баландпояи  ҳукумати ҳар ду кишвар пайваста сурат мегиранд, ки  онҳо дар муносиботи Тоҷикистону Ҳиндустон  заминаҳои  устувор мегузоранд.
    Намояндаи масъули идораи сиёсати  хориҷии Тоҷикистон афзуд, ки то ба имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон се маротиба бо сафари расмӣ дар солҳои 1993, 1995, 2001  ва ду бор бо сафари  давлатӣ  дар солҳои 2006 ва 2012 ба Ҷумҳурии Ҳиндустон сафар кардааст. Абдулфайз Атоев гуфт ки дар ҷараёни ин сафарҳо  созишномаву санадҳо  дар бахшҳои мухталифи ҳамкорӣ -иқтисод,  тиҷорат, тиб (дорусозӣ), тандурустӣ, кишоварзӣ, варзиш ва сайёҳӣ, фарҳанг, маориф ва илму технология  ба имзо расиданд, ки  дар самти таҳкими ҳамкории минбаъдаи гуногунҷанба  мусоидат менамоянд.   
        Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз соли 2003   Сарвазири вақти Ҳиндустон Атал Биҳари Ваҷпай низ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари расмӣ  ташриф оварда буд. Ҳамзамон дигар роҳбарони воломақоми Ҳиндустон  ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар тақвияти муносиботи ду кишвар -Тоҷикистон ва Ҳиндустон  нақши муаасир гузоштаанд.    

Июль 10, 2015 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад