Душанбею Исломобод хостори роҳандозии парвозҳои мустақиманд
Душанбе, 09.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар доираи фаъолияташ бо зиёда аз 20 кишвари хориҷӣ дар Душанбе ҳамкории зич дошта, дар заминаи он анҷуманҳои дӯстӣ таъсис додааст», гуфт Сайдулло Хайруллоев-раиси ҷамъияти мазкур зимни мулоқот бо Тариқ Иқбол Сумро, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон .Дар мулоқот мусоҳибон масоили марбут ба тақвияти ҳамкории иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмиву адабӣ, хусусан ташвиқу тарғиби фарҳанг, расму ойин ва тамаддуни гузаштаву имрӯзаи Тоҷикистону Покистон дар миёни мардумони ду кишвар баррасӣ гардид.
С. Хайруллоев ба дипломати покистонӣ доир ба фаъолияти ин ниҳоди фарҳангӣ маълумот дода, гуфт, ки ҳадафи ҷамъият тақвияти ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, муаррифии фарҳангу тамаддун, густариши риштаҳои дӯстист. Инчунин С. Хайруллоев раёсат ва аъзои Анҷумани дӯстии «Тоҷикистон — Покистон» — ро ба сафир шинос намуда, кори ҷамъияти мазкурро дар рушди равобити фарҳангии ду кишвар муассир арзёбӣ намуд.
Ҷонибҳо инчунин дар масъалаи ба роҳ мондани парвозҳои мустақим байни Душанбе ва Исломобод изҳори назар намуда, амалӣ гардидани ин иқдомро барои тақвият додани дӯстиву бародарӣ ва густариши ҳамкории ҳасанаи ду кишвар муҳим арзёбӣ карданд.
Раиси Раёсати ҶДРФТ таъкид кард, иштироки нахуствазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Навоз Шариф дар Ҳамоиши байналмилалии вобаста ба об, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, омили муҳим барои рушди равобити ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳо мебошад.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон Тариқ Иқбол Сумро низ аз пазироӣ ва мулоқот бо раиси ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки ҳамчун сафир барои амалӣ гардидани ҳамаи барнома ва тавофуқномаҳои байни ду кишвар имзошуда талош хоҳад кард.
Сафири Покистон Тариқ Иқбол Сумро аз фаъолияти Анҷумани дӯстии «Тоҷикистон — Покистон» изҳори хушҳолӣ карда, таъкид намуд, ки ин ниҳоди дӯстӣ метавонад ҳамкории худро бо ҷомеаи фарҳангии ду кишвар густариш дода, ҳамчун пуле барои таҳкими дӯстӣ кумак намояд.
Дар мулоқот аз муносиботи дӯстонаи байни шоирони машҳури Тоҷикистону Покистон — Мирзо Турсунзода ва Файз Аҳмад Файз ёдоварӣ шуда, он намунаи олии дӯстӣ барои наслҳои имрӯзаву ояндаи ду кишвар арзёбӣ гардид.
Инчунин раиси Анҷумани дӯстии «Тоҷикистон — Покистон» Кароматулло Олимов доир ба фаъолияти анҷуман ва ҳамкории он бо сафорати Покистон дар Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






