«Эҳтиёҷоти занони муҳоҷирони меҳнатӣ»-конфронс
Душанбе, 30.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «Эҳтиёҷоти занони муҳоҷирони меҳнатӣ»- таҳти чунин унвон дар ноҳияи Бохтар дар чаҳорчўбаи лоиҳаи Ташкилоти ҷамъиятии «Наҷиба» аз рўи барномаи «Рушд тавассути ҳамкории минтақавӣ» конфронс баргузор гардид. Конфронс бо дастгирии молиявии оҷонсии ИМА оид ба рушди байналхалқӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ (USAID/CAR) гузаронида шуд.
Дар он масъулини Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, мақомоти маҳаллӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар сохторҳои давлативу ғайридавлатӣ иштирок доштанд.
Муовини раиси ноҳияи Бохтар С. Сафарова зикр кард, ки муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон имрўз аз мушкилоти асосӣ маҳсуб шуда, ҷамъомади имрўза метавонад то андозае дар ёфтани роҳи ҳалли мушкилоти занони муҳоҷири меҳнатӣ таъсири мусбат расонад.
Дар конфронс масъалаҳои таъсири иҷтимоии муҳоҷирати меҳнатӣ ба занони муҳоҷирони меҳнатӣ, беҳбуди сифати зиндагии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар ноҳияи Бохтар, таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ба муносибатҳои оилавӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишу ҷаҳонбинии занон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






