Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъйиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт

Июль 6, 2015 05:45

Душанбе, 06.07.2015. (АМИТ “Ховар”). — Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳоро, ки ба вазифаҳои пурмасъулият дар мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ ва ба корҳои роҳбарӣ дар як қатор вазорату идораҳо таъин шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Тағйироти зиёд дар мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ ба амал бароварда шуд. Аз ҷумла Қурбонзода Шариф Ҳабибулло сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари Прокуратураи генералӣ, Алимардонзода Маҳмудалӣ Амрияздон муовини сарпрокурори ҳарбии ҷумҳурӣ, Муҳаммадӣ Изатулло Сайфуллозода муовини якуми прокурори вилояти Суғд, Солизода Арабшо прокурори шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, Раҳмонзода Анвар Хол прокурори шаҳри Исфараи вилояти Суғд, Арабзода Муҳаммад Хӯҷа прокурори ноҳияи Айнии вилояти Суғд, Сироҷзода Сайфиддин прокурори ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон, Абдусатторзода Умедҷон прокурори шаҳри Нораки вилояти Хатлон, Ҳисориев Маҳмадамин Исматович прокурори нақлиёти Хатлон, Юсуфзода Абдурашид Сангаҳмад прокурори ҳарбии гарнизони Қурғонтеппа ва Собирзода Идибек Қосим прокурори ҳарбии гарнизони Рашт таъин карда шуданд.
Назрӣ Шамсмуҳаммад ва Одинаева Зулфия Ҳомидовна аз вазифаҳои муовинони вазири нақлиёт озод карда шуданд.  
 Ҳамчунин, Ёрова Зулфия Маҳманабиевна муовини вазири нақлиёт, Фахруддинов Фарухҷон Неъматович сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, Айниддин Самариддин муовини роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рауфов Сӯҳроб директори шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон, Асоев Самаруддин муовини аввали сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият”, Сангмамадова Моҳира Пайшанбеевна муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият”, Назаров Умед Абдураҳимович муовини аввали директори муассисаи давлатии “Ҷаҳоннамо” ва Каримов Бахтовар Абдураҳимович, ки то ин вақт сармуҳаррири радиои Садои Душанбе буд, сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”   таъин гардиданд.
Мирзоҷалолов Атохоҷа Мирхоҷаевич бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” озод карда шуд. Расулӣ Хайринисо бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” рухсат дода шуд.
Тавре аён гардид, аксарияти кадрҳои таъингардида ҷавонони дорои қобилияти хуби роҳбарию идорӣ ва ҳисси баланди ватандӯстию масъулиятшиносӣ мебошанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шахсони ба вазифаҳои пурмасъулият дар мақомоти прокуратура таъингардидаро ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои коррупсионӣ, хариду фурӯши замин, пешгирӣ аз ифротгароӣ ва коҳиш додани ҷинояткорӣ дар миёни ноболиғон ҳидоят намуд. Таъкид  гардид, ки барои пешгирӣ аз гумроҳшавӣ ва гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию тундрав бо ҳамаи мақомоти давлатию ҷамъиятӣ бояд ҳамкорӣ тақвият дода шавад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ҳамаи нафарони ба вазифаҳои баланду пурмасъулият таъингардидаро ба кору хизмати софдилонаю содиқона, тарғибу ташвиқи ҷавонону наврасон ба тарзи ҳаёти солим   ва ба ҳифзи шоиста аз манфиатҳои давлати Тоҷикистон ҳидоят намуд.

 

Июль 6, 2015 05:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст