Фаъолони Қайроққум аз фаъолияти нимсола натиҷагирӣ намуданд

Июль 18, 2015 06:37

Хуҷанд, 18.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум ҷаласаи фаъолони шаҳр доир гардид. Дар ҷаласа муовини раиси шаҳр Ғайратҷон Оқилов доир ба натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар нимсолаи якуми соли 2015 гуфт, ки соли ҷорӣ барои зимистонгузаронӣ, таъмир ва дастгирии моддии соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг 1 миллиону 13 ҳазору 382 сомонӣ маблағ ҷудо гардид.
Тавре ки дар ҷаласа таъкид шуд, барои харидории 255 тонна ангишт ба муассисаҳои тандурустӣ, маориф ва фарҳанг 121 ҳазору 325 сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.

 

Июль 18, 2015 06:37

Хабарҳои дигари ин бахш