Густариши ҳамкорӣ ва устувор намудани мавқеи молиявӣ миёни «Амонатбонк» ва БДРЧ
Душанбе, 11.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода)-10 июл дар ҳошияи сафари кории намояндагони БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ҷаласаи 11-уми Иттиҳоди Байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Уфаи Бошқирдистони Русия вохӯрии раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода ва раиси Бонки давлатии Рушди Чин (БДРЧ) Чжен Чжитсе оид ба масъалаҳои густариши ҳамкории молиявӣ ва устувор намудани мавқеи молиявии бонкҳо сурат гирифт.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти бонк иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар ояндаи наздик баррасӣ гардиданд. Масъалаи муҳиме, ки дар ин вохурӣ тарафҳо баррасӣ намуданд, ин сармоягузории лоиҳаҳои қобили қабули тарафайн- дастгирии рушди соҳаи кишоварзӣ ва соҳибкории хурду миёна дар манотиқи кӯҳистони Тоҷикистон буд. Дар ҳамин ҳол масъалаи омода намудани кадрҳои соҳибтаҷриба бо дастгири БДРЧ ва ҳамзамон такмили ихтисоси кадрҳои ҷавон бо гузаронидани семинару конфронсҳои марбут ба соҳа баррасӣ шуданд.
Мавриди зикр аст, ки Бонки давлатии рушди Чин миёни дигар шарикони Иттиҳоди Байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай барои «Амонатбонк» ягона бонкест, ки муносиботи молиявӣ ва густариши ҳамкории тарафайн бо ин бонк сол аз сол афзоиш меёбад.
БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ҳошияи ҳамкории мутақобила бо Бонки давлатии рушди Чин дар муддати муайян 3 конфронси байналмилалӣ ва беш аз 16 семинарро дар шаҳрҳои Пекину Душанбе баргузор намудааст.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






