Хадамоти зиддинҳисорӣ: «Нархи орд нисбат ба соли гузашта боло рафтааст»

Июль 23, 2015 11:28

          Душанбе, 23.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Нархи орд дар ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2014  боло рафтааст. Агар нархи як халта орди навъи якуми истеҳсоли Қазоқистон  дар соли гузашта 25,8 $- ё 128 сомонию 23 дирамро ташкил дода бошад, пас дар соли ҷорӣ он ба  25,9 $ ё 162,65 сомонӣ баробар гардид.
           Одиназода Назар Санг -муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 23 август дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, ки алҳол дар анборҳои фурӯши яклухти  пойтахт  як халта орди 50 кг навъи якуми истеҳсоли ватанӣ  бо иловаи хароҷоти ҷории то 12 сомонӣ, ки ба нархи орд зам мегардад,  ба ҳисоби  миёна аз 161 то 166 сомонӣ ва орди  навъи дуюм  аз 137 то 147 сомонӣ ба фурӯш бароварда мешавад.
      Намояндаи масъули Хадамоти зиддинҳисории кишвар афзуд, ки болоравии нархи ордро дар ин давра соҳибкорон  аз паст гардидани қурби асъори миллӣ-сомонӣ нисбат ба доллар арзёбӣ менамоянд. 
       Таъкид гардид, ки тибқи маълумоти оморию гумрукӣ  дар нимсолаи аввали соли равон ба ҷумҳурӣ 395,5 ҳазор тонна гандум бо нархи   миёнаи  286 $ барои 1 тонна  ворид шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи  соли гузашта 23,7 ҳазор тонна ё 6,37 % зиёд аст.
       Одиназода Назар Санг гуфт, ки дар ин давра ба ҷумҳурӣ 77,8 тонна орд бо нархи миёнаи  405 $ барои 1 тонна ворид шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,8 ҳазор тонна  кам мебошад. Ҳаҷми умумии бозори молии орд  бо назардошти истеҳсоли худӣ 320 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.  Мавриди зикр аст, ки аз тарафи субъектҳои хоҷагидори ватанӣ 242 ҳазор тонна орд истеҳсол шудааст, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 396 тонна  ё 62 % кам мебошад.
        Бозори воридоти гандум дар ин давра  рақобатпазир буда, 68 субъекти хоҷагидор  иштирокчии он аст.  Ҳиссаи субъектҳои хоҷагидор, ки дар  воридоти гандум мавқеи бартариро  касб менамоянд, ба  чор ҷамъият аз Хуҷанд- «Алхена» бо 12,9 %, «Роҳи Сомон»  бо 12%,   «Тренд оил интер» бо 5,2 % , «Пешоҳанг» бо  1,4 % ва ҳиссаи боқимондаи бозор  ба воридоти гандум ба субъектҳои дигар  рост меояд. 
          Инчунин иштирокдорони бозори воридоти ордро дар ҷумҳурӣ  54 субъекти хоҷагидор ташкил медиҳанд. Аз ҳиссаи иштирокдорони субъектҳои хоҷагидор дар воридоти орд 16,6% ба ҷамъияти  «Маданият»-и шаҳри  Истаравшан,  11 % ба ҷамъияти «Ансол 2012»-и ноҳияи Спитамен »,  20,6 % ба ҷамъияти «Сорбон 999» ноҳияи Айнӣ, 4,4 % ба ҷамъияти «Тоҷикистон»-и шаҳри Истаравшан ва 2,8 % ба ҷамъияти «Маҳал»-и шаҳри Хуҷанд рост меояд.   
          

 

Июль 23, 2015 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад