«Харангон»- мавзеи дӯсдоштанист
Варзоб,15.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Аз ташкили осоишгоҳи «Харангон» дар дараи зебоманзараи Варзоб 10 сол сипарӣ гардид. Осоишгоҳи мазкур дорои тамоми шароити мусоиди истироҳату табобат буда, асосан барои иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон ва шахсони имтиёздор бино ёфтааст.
Тибқи иттилои сарвари осоишгоҳ Чеҳрагул Қосимова ҳамасола дар ин мавзеъ зиёда аз 500 нафар сиҳатии худро барқарор менамояд.
Ин мавзеи диписанд ва воқеан зебою дӯстдоштанӣ ҷоест, ки барои сиҳатии равонию ҷисмонии инсон мувофиқ ба табъи дил аст. Ҳам шилдирроси оби дарёча, ҳам табиати дилфиреб, ҳам муомилаи бисёр хуши кормандони осоишгоҳи «Харангон» барои зудтар шифо ёфтани ҳар истироҳаткунанда шароити мусоид фароҳам меорад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






