Хоруғ: мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол

Июль 22, 2015 06:59

Душанбе, 22.07.2015. (АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ),- Рӯзҳои 15-19 августи соли 2015 дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол байни ҷавондухтарони соли таваллуди 1998-2002 барои дарёфти Ҷоми мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Одинаев баргузор  мешавад.
Сардовари мусобиқа М. Латипов (ш. Душанбе) ва саркотиб А. Олифтаев (ВМКБ) муайян шуда, ҳайати доваронро дар мувофиқа бо комиссияи ваколатӣ интихоб менамоянд. 
Ҳамчунин рӯзҳои 1-2 августи соли 2015 дар шаҳри Душанбе чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таэквондо ВТФ баргузор мегардад.
Сардовари чемпионат Ф. Раҳмонов (ш. Ваҳдат), саркотиб М. Хуморов (ш. Душанбе) муайян гардида,  ҳайати доваронро дар мувофиқа бо комиссияи ваколатӣ интихоб мекунанд. 
Дар ин бора Наврӯз Қурбонов, мутахассиси пешбари Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Июль 22, 2015 06:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад