Худобердӣ Холиқназар: Ҳизби наҳзат ҳаққи аз номи ИНОТ ҳарф заданро надорад

Июль 3, 2015 13:39

Душанбе, 03.07.2015 (НИАТ «Ховар»).- Мусоҳиба бо  директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих Худобердӣ Холиқназар
 
-Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва  ризоияти миллӣ, ки соли 1997 бо Иттиҳоди неруҳои мухолифини Тоҷикистон баста шуд, пурра иҷро гардид. Назари Шумо дар ин мавзӯъ?
Худобердӣ Холиқназар: Созишномаи умумӣ дар хусуси барқарор кардани сулҳ  ва ризоияти миллӣ  дар Тоҷикистон, ки аз 7 Протокол, 1 Низомнома ва 1 Созишнома иборат аст, ба таври пурра иҷро шуд. Мутобиқи протоколҳои мазкур  муҳоҷирон ва оворагон ба Ватан баргашта, зиндагии осоиштаро сар карданд.   Барои дар амал татбиқ намудани  протоколҳои имзошуда  Комиссияи оштии миллӣ таъсис дода шуд ва Раиси  он роҳбари  Иттиҳоди неруҳои оппозитсионии тоҷик (ИНОТ) шодравон Саид Абдуллои Нурӣ таъйин гардид.  Аз соли 1998 намояндагони ИНОТ ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ тибқи квотаи 30% ворид шуданд. Неруҳои низомии (ИНОТ) ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон  ворид (реинтегратсия) шуданд. Ҳизбу созмонҳое, ки фаъолияташон дар давраи даргириҳо манъ гардида буд, баъд аз пешниҳод намудани аризаҳояшон ба Вазорати адлияи ҷумҳурӣ  дубора ба фаъолияти сиёсиашон шурўъ намуданд. Ба монанди Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби демократии Тоҷикистон ва дигар созмонҳо.
Бояд зикр кард, ки  дар интихоботи парлумонии соли 2000-ум ин ҳизбҳо ширкат намуданд ва аз Ҳизби наҳзати исломӣ чанд нафар вакил интихоб шуд.
Ҳамчунин  намояндагони ИНОТ, ки аз тариқи квотаи 30%  дар соли 1998 вориди Ҳукумат шуданд ва  дар тахассусашон кордону лоиқ буданд, то ҳоли ҳозир дар  ниҳодҳои гуногуни Ҳукумати ҷумҳурӣ  фаъолият намуда, ба Ватан хизмат мекунанд. Ҳамин тавр, дар маҷмӯъ, ин Созишнома ба таври пурра ва ҳамаҷиҳата иҷро шуд.
  -Имрӯз баъзе роҳбарони ҲНИТ даъво доранд, ки ин Созишнома пурра иҷро нашуд ва сулҳу ваҳдат дар Тоҷкистон якҷониба инъикос мешаванд?
Худобердӣ Холиқназар: Чун ман дар саволи якум гуфтам, ки он пурра иҷро шуд, барои ҳамин агар дар кадом   мавридҳояш шак дошта бошанд, марҳамат онҳо метавонанд мушаххасан даъвои худро  пешниҳод намоянд. Дар масъалаи якҷониба инъикос шудани сулҳу ваҳдат онҳо бештар ба ҳамон филмҳое, ки дар телевизион нишон дода мешаванд,  такя мекунанд, ки гӯё дар он ҷо нақши мухолифин нишон дода нашудааст. Ин гап асос надорад, чунки дар ҳамаи филмҳо, ки ба мавзўи музокироти байни тоҷикон бахшида шудаанд ва ҳамчунин дар ҳамаи барномаҳо ҳузури ИНОТ ва бахусус, роҳбари он шодравон  Саид Абдуллои Нурӣ нишон дода шудааст.
    Қобили зикр аст, ки  имрўз Ҳизби наҳзат кӯшиш карда истодааст, ки аз номи Иттиҳоди опозитсиюни тоҷик ҳарф занад, ки  ин комилан нодуруст аст. Маълум аст, ки дар музокироти сулҳи тоҷикон ИНОТ  аз ду намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ, ду намояндаи Ҳизби демократии Тоҷикистон, ду намояндаи Маркази ҳамоҳангсозии неруҳои демократии Тоҷикистон, як намояндаи созмони «Лаъли Бадахшон»  ва як намояндаи муҳоҷирони тоҷик иборат буд.  Яъне дар маҷмўъ. Ҳизби наҳзат дар музокирот ҳамагӣ 25%  намояндагӣ дошту халос.  Имрўз даъвои аз номи ИНОТ ҳарф задани роҳбарияти имрўзаи Ҳизби наҳзат камоли пуррўйӣ аст.
-Сулҳи якҷониба гуфта Шумо чиро мефаҳмед  ва оё истифодаи ин истилоҳ дуруст аст?
Худобердӣ Холиқназар:  Сулҳ аслан якҷониба намешавад, агар якҷониба мешуд, сулҳ намешуд. Инъикоси раванди якҷониба будани сулҳро онҳо таъкид мекунанд, лекин мо мегӯем, ки ин гап асос надорад, чунки дар тамоми китобҳое, ки навишта мешаванд, дар суханрониҳои Сарвари  давлат,  дар ҳама ҷо, ки сухан аз ваҳдати миллӣ меравад, нисбат ба мухолифини собиқ эҳтироми хосса қоил мешаванд  ва дар ҳамон замон ҳам ба онҳо ҷониби муҳтарам мегуфтанд. Тарафи ҳукуматӣ ба мухолифин тарафи муҳтарам гуфта муроҷиат мекарданд, ки то ҳозир дар таърихи низоъшиносӣ ин як чизи нодир аст. Барои ҳамин сулҳи якҷониба намешавад, инро ман таъкид мекунам, сулҳ дуҷониба мешавад.  Филмҳои мустанад, ки дар телевизион нишон дода мешаванд, филмҳои таърихӣ мебошанд, ки  дар бораи вазъияти солҳои 90-уми асри ХХ  дар Тоҷикистон ҳикоят мекунанд  ва  он қисмати ин филмҳо, ки ба музокироти байни тоҷикон  дахл доранд, ба таври воқеӣ  саҳми тарафи муқобил дар сулҳро  низ баръало нишон медиҳанд.
-Аъзои собиқ Иттиҳоди неруҳои мухолифини Тоҷикистон на танҳо наҳзатиҳо, балки аъзои ҳизбҳои гуногуни кишвар буданд. Пас чаро имрӯзҲНИТ даъво аз саҳми ин ҳизб дар имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дорад?
Худобердӣ Холиқназар:  Тавре ки гуфта шуд, ҳеҷ нафаре ҳақ надорад, ки аз  номи он Иттиҳоди неруҳои оппозитсиюни Тоҷикистон имрӯз даъвое кунад ё гапе занад. Ҳар ҳизби сиёсие, ки дар ҷумҳурии  мо озодона фаъолият дорад, ҳамчун ҲНИТ, бояд дар асоси Қонун «Дар бораи аҳзоби сиёсӣ»  фаъолият намояд, чи хеле ки дар ин ду даҳсола буд. Дар ин се панҷсола ҲНИТ дар ҳайати парламент    ворид буд, онҳо рӯзномаи худашонро доранд, ки доимо чоп мешавад, новобаста аз он, ки ҳукуматро сахт танқид мекунанд, ҳеҷ кас даъвое накардааст, ки чаро танқид мекунед. Чунки мо чунин андеша дорем, ки албатта, мухолифин барои танқид кардан ҳақ доранд ва бигзор танқид кунанд, агар танқид қобили қабул бошад  ва муғойири Сарқонун ва қонунҳои дигари мавҷуда набошад.  Чандин рўзномаҳо барои вайрон кардани Қонун баста шуданд, вале рӯзномаи ҲНИТ  «Наҷот»  ҳанӯз  ҳам нашр мешавад.
Акнун мо медонем, ки ҷомеаи Тоҷикистон бо тамоми боқимондаҳои ҷанги ҳамватанӣ падруд гуфт, бо боқимондаҳои давраи Шӯравӣ низ.  Натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ ва маҳаллӣ дар соли 2015 низ гувоҳи онанд, ки мардум ба сатҳи нави фарҳанги сиёсӣ расидааст  ва дигар  муҳофизакории (консерватизм) афкор барои онҳо писанд нест. Барои онҳо андешаи нав, афкори нав, рафтори нав ва диди нав ба оянда хос аст. Воқеият ҳамин аст, ки дигар мардум ҳизбҳои диниву атеистиро намеписанданд. Барои мардум озодиҳои дунявӣ  бештар ҷолиб шудаанд. Аз овоздиҳӣ дар интихобот ба ҳар ҳол мо чунин паём гирифтем, ки мардуми Тоҷикистони азиз ба қадри ваҳдат ва истиқлолият мерасанд. Ва онҳоро дигар на бо афсонаҳои ин дунё ва на он дунё фирефта кардан хеле душвор аст. Ба онҳо барномаҳо ва фаъолияти воқеии ҳизбҳо ва Ҳукумат даркор аст.  Онҳо  дар соли 2015 ба бунёдкориву созандагӣ, сулҳу субот ва таҳкими Ваҳдати миллӣ раъй  доданд.
Фарҳанги  сиёсии  мардум имрўзҳо ба дараҷае расидааст, ки онҳоро намешавад бо иғвоҳои сиёсӣ ва буҳтон аз роҳи дурусти пешрафт, созандагӣ ва тараққиёт  боздошт.

Июль 3, 2015 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Чӣ гуна худ ва атрофиёнро аз чангу ғубор муҳофизат намоем?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои фоиданокӣ қаламфури булғориро бе коркард, дар шакли тару тоза истифода баред
Дар шаҳри Бӯстон сохтмони корхонаи муосири забҳи парранда идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо гузашти 28 сол аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисодии Тоҷикистон бештар эҳсос мешавад
Фаъолияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ яке аз воситаҳои муассири таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад
Муовини Раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода: «Мардум ба Пешвои миллат боварӣ ва эътимод дорад»
Тоҷикистон дар партави ваҳдати миллӣ ба сӯи шукуфоии нав қадам мегузорад