Ифтитоҳи Озмоишгоҳи беҳамто барои НБО Роғун
Душанбе, 15.07.2015. (АМИТ “Ховар”). — Худи ҳамин рӯз баъди ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Роғун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳр ба оғози фаъолияти Озмоишгоҳи марказии сохтмонӣ асос гузошт.
Зарурати бунёди ин озмоишгоҳ ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини оғози корҳои барқарорсозӣ ва сохтмонию васлгарии иншооти аср-Нерӯгоҳи барқи обии Роғун барои назорати сифати масолеҳи сохтмонӣ ва сифати иҷрои ҳамаи корҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шуда буд.
Бояд як озмоишгоҳи сохтмонии мустақил ва дорои таҷҳизоти замонавии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ дар назди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун бунёд мегардид ва инак бо ҳидояту дастгирии бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон озмоишгоҳи замонавӣ, ки ба андешаи мутахассисон дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад, сохта ба истифода дода шуд.
Озмоишгоҳ аз панҷ шуъба ва бахшҳои алоҳида, аз ҷумла аз шуъбаи озмоиши металлҳо, шуъбаи назорати геотехникӣ, шуъбаи кимиёвӣ, бахши ташхисгоҳи спектралӣ, шуъбаи бетон ва бахши озмоиши хосиятҳои физикию механикии семент иборат аст.
Дар маркази мазкур беш аз 140 нафар мутахассис, ки аксари онҳо соҳиби маълумоти олӣ мебошанд, фаъолият доранд.
Ҳар як маҳсулоти сохтмоние, ки ба озмоишгоҳ ворид мегардад, бодиққат аз назари мутахассисон ва ташхиси дастгоҳҳои нодир гузашта, барои истифода дар корҳои сохтмонӣ иҷозат дода мешавад. Ин боварию эътимоди мардумро ба мустаҳкамии нерӯгоҳ ва садди он пурра мегардонад.
Зимни шиносоии Сарвари давлат аз шуъбаҳои озмоишгоҳ иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бобати таъсиси чунин як озмоишгоҳи беназир ва муҷаҳҳаз кардани он бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ ва ҷавобгӯй ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ коргарону мутахассисони Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Нерӯгоҳи барқи обии Роғун таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи оламро мавриди омӯзиш қарор доданд. Ба давлатҳои Олмон, Русия, Чин, Эрон ва Италия сафар карда, таҷҳизоту дастгоҳҳои нодирро харидорӣ намудаанд.
Коргарону мутахассисони озмоишгоҳ дар суҳбат бо Сарвари давлат изҳор доштанд, ки ҳар як ҳидояту раҳнамоии Президенти кшиварро хуб дар ёд доранд ва онро сармашқи кори худ кардаанд. Сарвари давлат ҳамеша зимни сафарҳои кории худ ба шаҳри Роғун таъкид менамуданд, ки: «ҳар як бинокори ин иншооти тақдирсоз бояд ба сифати корҳо диққати махсус диҳад».
Дар озмоишгоҳи марказии сохтмонии Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Нерӯгоҳи Барқи Обии Роғун 500 таҷҳизоту асбоб, мебелу зарфҳо ва маводҳои зарурии лаборатории баландсифати ҷавобгуйи стандартҳо ва талаботҳои меъёрӣ аз Олмон, Италия, Швейтсария, Русия, Япония ва Эрон харидорӣ шуда, барои дурусту ба манфиат истифода бурдани он бештар аз ҳисоби ҷавонон мутахассисон дар хориҷи мамлакат аз бахшҳои махсуси омӯзишӣ гузашта, соҳиби сертификатҳои касбӣ гардидаанд.
Зимни шиносоӣ аз фаъолияти озмоишгоҳи марказии сохтмонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба коргарону мутахассисон таъсиси чунин як коргоҳи муқтадирро муборакбод намуда, онҳоро ба хизмати содиқона ва иҷрои бошарафонаи корашон ҳидоят намуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид намуд, ки чун неругоҳи Роғун барои мардуми тоҷик басо пураҳамият аст, бояд аз сари сидқ вазифаҳои дарпешгузошта бо масъулияти баланд иҷро карда шаванд.
Ин хизматҳои арзандаи мутахассисони озмоишгоҳ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату ҳукумат қарор дорад ва ҳар як амали хуб сазовори подоши нек мегардад.
Мутахассисони озмоишгоҳ низ дар навбати худ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳ ва тақдими чунин як коргоҳи замонавӣ изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






