Интиқоли беш аз 2 ҳазор тонна бор аз фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ

Июль 31, 2015 02:19

Душанбе, 31.07.2015. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ дар ҷамъбасти нимсолаи худ  дар сурати гусел ва қабул ба 921 ҳазор мусофир хизмат расонидаанд. 
Суҳроб Мирзоев, муовини якуми вазири нақлиёти Тоҷикистон 30-юми июл дар ҷамъбасти нимсолаи вазорат гуфт, ҳаҷми интиқоли бор ва почта аз фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ дар ин давра 2034,7 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мусофирбарӣ 20,4 фоиз кам ва боркашонӣ 34,8 фоиз зиёд гардидааст. 
Ба гуфтаи мавсуф саҳми ширкатҳои нақлиёти ҳавоии ватанӣ 38,2 фоизро ташкил медиҳад.
-Дар нимсолаи аввали соли 2015-ум аз ҳисоби фаъолияти нозиротию танзимӣ 7,6 млн. сомонӣ ба даст оварда шуда, барои фаъолият дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ 8040 иҷозатнома дода шудааст. Ҳоло  дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ 18371 субъекти иҷозатномадор фаъолият дорад,-иброз дошт Мирзоев ба хабарнигорон зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат дар нимсолаи аввали соли 2015.

 

 

 

 

Июль 31, 2015 02:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст