Ирсоли кумаки башардӯстона ба Бадахшон

Июль 24, 2015 11:43

Хоруғ, 24.07.2015. (АМИТ «Ховар», Файз Мирҳасан).-Аз дастгоҳи раиси ВМКБ иттилоъ доданд, ки барои  панҷ оилаи   мавзеи осебдидаи ҷамоати Басиди  водии Бартанг, ки  бар асари ҷорӣ шудани сел манзилҳояшон  хисорот дидаанд, кумаки хайрхоҳона расонида шуд.  Ин кумак иборат аз орд, биринҷ, шакар, сабзаҷот ва  асбобҳои  рӯзгордорӣ ва 500 метр қубури  резинӣ барои интиқоли оби нӯшокӣ  мебошад. Ҳоло роҳи мошингард дар самти водии Бартанг-дар деҳаҳои Сипонҷ, Хиҷез, Разуҷ, Аҷирх ва Шадуд банд буда, роҳсозони Муассисаи нигаҳдории роҳҳои вилоят дар пайи боз намудани ин роҳ мебошанд. Аз миёни  68 хонаи истиқоматии  деҳаи Бардара 5 хона куллан тахриб ва 18  хонаи дигар  зери  хавф қарор дорад.  Дар ҳоли ҳозир Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Созмони башардӯстонаи ФОКУС кӯшиш доранд аз тариқи чархбол  сокинонро аз минтақаи хавфнок  бароранд.

 

Июль 24, 2015 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш