Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Нарендра Модӣ дар Форуми кишоварзии Тоҷикистону Ҳиндустон
Душанбе, 13.05.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар Маҷмаи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ Форуми кишоварзии Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор гардид.
Дар форуми мазкур намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, коршиносони марказҳо ва созмонҳои тадқиқотӣ, ширкатҳои хусусӣ ва соҳибкорони бонуфуз иштирок дошта, интизор меравад дар рафти форум миёни онҳо созишномаҳое ҳосил мегарданд, ки мавриди иҷрои амалии ҳарду ҷониб қарор хоҳанд гирифт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ин форум таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд миёни ду кишвар имкониятҳои васеи иқтисодї дорад. Ҳоло дар Тоҷикистон тарҳу лоиҳаҳое ба маблағи ҳафту ним миллиард доллари амрикоӣ амалӣ шуда, қонунгузории кишвар зиёда аз чил номгўи кафолату имтиёзҳоро дар иртибот ба андозбандӣ ва фаъолияти гумрукӣ муқаррар намудааст.
“Шароити мусоиди иқлим ва табиати мамлакат, ки дорои офтобу оби фаровон, инчунин водиҳои ҳосилхез барои парвариши меваю сабзавот ва маҳсулоти босифат мебошад, барои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ имконияти ҳамаҷониба фароҳам овардааст”, — тазаккур дод Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.
Бо назардошти ин, аз тоҷирону соҳибкорони ҳиндӣ даъват карда шуд, ки ҳамкориро бо шарикони тоҷики худ тақвият дода, лоиҳаҳои муштараки манфиатовари сармоягузориро дар Тоҷикистон татбиқ намоянд.
Президенти кишвар аз густариши ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон дар арсаҳои мухталиф изҳори қаноатмандӣ намуда, тазаккур дод, ки ба ҷаҳониён маълум аст, ки пайвандҳои ду кишвари мо бар қаробати таърихӣ ва фарҳангии мардумони куҳанбунёд ва арзишҳои оламшумуле, ки аз баҳри беканори одоби мондагор, фалсафаи инсондӯстӣ ва ҷаҳонбинии ростину фарохи аҷдоди мо маншаъ мегиранд, асос меёбад.
Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ низ ҳангоми суханронӣ ба густариши муносиботи ҳасанаи ҳарду кишвар таъкид намуда, омодагии ҷониби Ҳиндустонро дар тавсияи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории соҳибкорони ҳиндӣ дар бахшҳои мухталиф, бахусус кишоварзӣ иброз намуд.
Дар ҷараёни форум Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон китоби Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”-ро, ки ба тозагӣ бо забони ҳиндӣ нашр шудааст, тақдим намуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






