«Ислом ба зоти худ надорад айбе…»

Июль 24, 2015 05:22

Душанбе, 24.07.2015 (АМИТ «Ховар» Акрам Сангов).-Мисли офтоб равшан аст, ки дини мубини ислом ягон рабт ба терроризм ва экстремизм надорад, аммо дар давоми чанд соли охир гурӯҳҳову ашхоси алоҳида ба хотири расидан ба мақсад ба рӯйи худ ниқоби ислом мекашанду ақидаи барғалати иҷтимоиро чун таълимоти динӣ ба ҷомеа пешниҳод карданӣ мешаванд. Магар терроризм падидаи замони муосир аст, шабакаи ҷаҳонии интернет дар шаклгирии афкори ҷамъиятӣ чӣ нақш мебозад, чӣ бояд кард то ҷавонон гумроҳ нашаванду ба дом наафтанд? Ёфтани ҷавоби дуруст ба гуна саволҳои дандоншикан аз масъалаҳои муҳими рӯз ба шумор мераванд. 

Аз бархурд то гуфтугӯи тамаддунҳо

Ба андешаи директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ Абдураҳмон Маҳмадов «террор ва терроризм имрӯз пайдо нашудааст он ҳанӯз дар асрҳои миёна вуҷуд дошт». Дар ҳамон замон ҳам гурӯҳҳои муайян ва шахсиятҳои алоҳида барои расидан ба ҳадафҳои худ аз қатлу куштор истифода мебурданд. «Яке аз пайравони терроризм Ҳасани Сабоҳ мебошад. Дар миёни бозор кушта шудани Низомулмулк низ дар заминаи баҳсҳои динӣ-мазҳабӣ сурат гирифта буд. Яъне террор нав пайдо нашудааст, аммо дар асри бистум бо якқутба шудани ҷаҳони муосир ин раванди номатлуб тезонида шуд, — гуфт профессор А. Маҳмадов ва илова кард, ки: «Дар баробари тезонида шудани ин раванд назарияи Самюэл Хантингтон бо номи «Бархурди тамаддунҳо» дар Аврупо аз худ заминаи манфӣ гузошт. Зеро дар Аврупо одамон дар бораи ислом тасаввуроти кофӣ надоштанд то замоне ки Хантингтон тамаддунҳоро ба 7 қисм ҷудо карда, фарзия гузошт, ки дар охир ҷанг миёни тамаддуни исломӣ ва насронӣ мешавад».
Ин таълимот, ба андешаи А.Маҳмадов, боиси он гардид, ки бадбинӣ дар дунё нисбат ба мардуми шарқ ва тамаддуни он, нисбат ба мусулмонон ва дунёи ислом авҷ гирифт. Аммо баъд аз амали террористии моҳи сентябри соли 2001 дар Амрико, Хантингтон, ки он замон дар қайди ҳаёт буд, бо таассуф изҳор кард, ки «аз назарияи пешниҳод кардаи худ сахт пушаймонам, зеро ман тамаддунҳоро ҷудо кардам будам, аммо инсонҳоро ҷудо накардам, гумон надоштам, ки назарияи пешниҳодкардаи ман ба он оварда мерасонад, ки инсонҳоро ба воситаи дин ва тамаддунҳо аз ҳамдигар ҷудо мекунанд».
Ҳамин тавр, ба андешаи А.Маҳмадов маҳз назарияи «Бархурди тамаддунҳо» ба кишварҳои исломӣ ва барои мамлакатҳои мусулмоннишин таъсири манфӣ расонидааст. 
Бояд гуфт имрӯз назарияи дигар пайдо шудааст бо номи «Гуфтугӯ тамаддунҳо», ки ҳадаф аз он инсонҳо бояд сари мизи мудаввар нишаста сӯҳбат кунанд ва сари масъалаву мушкилоти бархоста ба мулоҳиза биёянд. Боиси таассуф аст вақте ки, дар шабакаи ҷаҳонии интернет дар мавзӯи назарияи «Гуфтугӯи тамаддунҳо» ҷустуҷӯ анҷом медиҳем танҳо як-ду тадқиқот пайдо мешавад, ки онҳоро ҳам тадқиқотчиёни Тоҷикистон навиштаанд, аммо вақте дар мавзӯи «Бархурди тамаддунҳо» дархост карда шавад садҳо рисолаҳои илмӣ дар шабакаи ҷаҳонӣ пайдо мешавад, — мегӯяд А.Маҳмадов. Ҳол он ки «Гуфтугӯи тамаддунҳо» беҳтарин роҳи муносибат аст, ки намунаи олии он натиҷаи гуфтушунидҳои 14 солаи Эрон бо кишварҳои ғарб мебошад.
Мушкили дигаре, ки имрӯз боиси ташвиши ҷиддӣ мебошад, нофаҳмӣ ва ғалаткорӣ дар истифодаи мафҳуми «экстремизми исломӣ» мебошад, зеро ислом ба экстремизм ягон алоқа надорад, бинобар ҳамин бояд ибораи «экстремизми динӣ» истифода шавад.
Дар Душанбе баргузор шудани конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Ислом зидди экстремизм ва терроризми динӣ» баёнгари он аст, ки терроризм ва экстремизм ба дини ислом ягон алоқа надорад, балки ин конфронс чеҳраи аслии мусулмонони минтақаро барои оламиён нишон медиҳад, — чунин ҷамъбаст кард хулосаҳояшро А.Маҳмадов.

Шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз роҳҳои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ

Амиршо Тошев — дотсенти кафедераи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии Академияи ВКД ҶТ, барои пешгирии роҳҳои ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурӯҳҳои террористӣ пешниҳод дорад, ки «Сатҳи саводнокӣ аз ҷумла саводнокии динӣ, ки имрӯз ба талаботи замон ҷавобгӯ нест, баланд бардошта шавад. Дар муассисаҳои таълимии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ — дар Академияи ВКД ва дар мактаби КДАМ фанҳои махсус барои омӯзонидани мафҳуму моҳияти ислом ба роҳ монда шавад. Зеро баъзе кормандони ин ниҳодҳо салафия ва дигар ҷараёнҳои динӣва мазҳабиро дуруст намешиносанд». А.Тошев барои пешгирии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳи террористӣ ҷорӣ кардани назорат аз болои шабакаҳои иҷтимоиро низ зарур мешуморад.
Дар ҳамин ҳол сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии МТС Шералӣ Ризоев мегӯяд, ки: «Воситаҳои муосири иттиллоърасонӣ ягон ҷанбаи манфӣ надорад. Шабакаҳои иҷтимоӣ падидае ба шумор мераванд, ки дар натиҷаи рушди ҷомеаи иттилоотӣ ба вуҷуд омадааст ва ба тадриҷ ба абзори хеле таъсирбахшу шаклдиҳандаи афкори ҷамъиятӣ мубаддал гаштааст». Яъне мушкил дар сари истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. «Тавре ки мебинем шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун абзор аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ барои таблиғи андешаҳои худ васеъ истифода мешаванд. Бояд гуфт, ки тариқи воситаҳои муосири иттиллоърасонӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, зимни истифодаи ҳирфавии онҳо, мешавад иқдомҳои пешгирии ифротгароӣ ва тундгароиро пиёда намуд» — изҳор кард Ш.Ризоев.
Воқеан ҳам бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз 5 сол қабл аз ин дар шаҳри Душанбе ба воситаи паёмакҳои телефонӣ бо тарси заминҷунбии шадид ҳазорон сокинони шаҳр аз хонаҳои худ ба берун бароварда шуданд. Ҳамон вақт чӣ таъсир доштани воситаҳои иттиллоърасонӣ ба муҳити фикрӣ ва афкори ҷамъиятӣ бараъло мушоҳида шуда буд.
Имрӯз гурӯҳҳои ифротӣ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан паҳн кардани наворҳои видеоӣ бо баромадҳои таҳдиддор мехоҳанд ба афкори ҷомеа таъсир расонида ҳисси тарсу ҳаросро ҷорӣ кунанд.

Замина ва омилҳои пайдоиши ҳаракатҳои ифротӣ 

Дини муқаддаси ислом маҷмӯаи дастурамалҳоест, ки барои зебо зиндагӣ кардани инсон, барои рӯ ба рушд будани ҷомеаи инсонӣ сафарбар шудааст, — мегӯяд Тоҷиддин Асомуддинзода, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон. Номбурда оид ба заминаҳои сиёсии шаклгирии ҳаракатҳои ифротӣ дар ислом чунин андеша дорад: «Дар дунёи имрӯз сӯиистифодаи сиёсӣ аз ислом бо номи «сиёсикунонии ислом» пешниҳод шудааст. Омилҳое, ки барои шаклгирии ҳаракатҳои ифротӣ замина мегузоранд зиёданд. Чунончӣ, заиф шудани диндории асил дар миёни диндорон. Ин ба маънои он нест, ки мардум камтар намоз мехонанд ва ё камтар ба намози ҷумъа мераванд, ё ин ки кам касон закоти мол медиҳанд. Диндории асил, дар умум дар тамоми ҳаракоту саканоти ҳар фард вуҷуд дорад. Агар шахс пойбанди дастурамалҳо набошад, пас дар вуҷуди ӯ афкори хилофи ҳадафҳои созандаи дин ба вуҷуд омада метавонад ва ӯ метавонад ба ҳаракатҳои ифротӣ гарояд. Аммо як фарди диндори асил ҳаргиз ба Ватани худ хиёнат намекунад, дар муомилоту гуфтори нек ҳамчун диндори асил содиқ мемонад. Яъне, заъфи диндорӣ аз ҳадафҳои волои инсонӣ дур шудани фарди мусулмон ба ҳисоб меравад».
Т.Асомуддинзода мегӯяд, ки як гурӯҳ аз одамони худхоҳ мехоҳанд диндории худро нисбат ба дигарон бештар нишон диҳанд, онҳо худро аз дигарон диндортар ва дигаронро бедин ва ё дини заифдошта ҷилва медиҳанд ва ҷомеаро муътақид карданӣмешаванд, ки онҳо беҳтар ва дигарон пастар аз онҳо ҳастанд. Ин ҳолат заминаест барои пайдо шудани ифрот ва тафрит. Ҳол он ки худро боло гирифтан ва кибр доштан, дур шудан аз ҳадафҳои аслии ислом аст. Дигар омил зоҳирпарастӣ мебошад. Боз ҳам ин гуна шахсон даъво пеш  меоранд, ки ҳар кас фалон либос бипӯшад ӯ диндор аст ва агар напӯшад бедин аст. Ин гуфтор зоҳирпарастӣ аст, на диндорӣ, зеро диндорӣ дар амал аст; агар шахсе аз кӯча мегузараду сангеро аз роҳ мебардорад, ин амали ӯ диндорист, на ин ки мунтазир бошад то нафаре биёяду дасту дастори ӯро бибӯсад.
Ба андешаи Т.Асомуддинзода дар замони муосир афрод, гурӯҳҳо ва қудратҳои ҳадафманд аз рӯи нақшаи пешакӣ таҳияшуда мехоҳанд барои шаклгирии ҳаракатҳои ифротӣ дар ҷомеаи мусулмонӣ замина соз кунанд. Дар ҷомеаи суннатии мо низ бо истифода аз номи дин кӯшишҳо карда мешаванд то чунин заминаҳо гузошта шаванд. Гоҳ вақт бо баҳонаи он ки озодии дин дар ин ё он ҳолат поймол шудааст гуфта, созмонҳои гуногун садо баланд мекунанд. Гоҳи дигар даъво карда мешавад, ки чаро сокинони шумо чунин қиёфа ва либос надоранд ва чун он қиёфа ё либос пайдо шуд, даъвои дигар меоранд, ки дар мавзеи шумо элементи терроризм пайдо шудааст.
«Ин кӯшишҳо барои ҷудоӣ андохтан байни давлат ва сокинонаш анҷом дода мешаванд. Чунин фазо барои эҷоди гурӯҳ ва ҷараёнҳо сохта мешаванд, то ин ки бо ин роҳ дар ҷомеа сустӣ ва заъф ба вуҷуд биёранд ва шароит барои ворид шудани нуфузу таъсири абарқудратҳо дар ҷомеа фароҳам оварда шавад. Ҳадафи ниҳоии чунин гурӯҳҳо ва пуштибонҳои онҳо заиф намудани давлати мусулмоннишин мебошад, — гуфт ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва хулосабарорӣ кард, ки, — «Барои шаклгирии ҳаракатҳои ифротӣ фикри нодурусти иҷтимоӣ ҳамчун фикри динӣ ба ҷомеа пешниҳод карда мешавад. Чунончӣ, фикри эҷоди як хилофат ва халифат дар тамоми дунё. Гӯё ин дастури дин бошад. Ҳол он ки дар матни дин умуман сохтори давлатдории муайян барои мусулмонҳо пешбинӣ нашудааст».

Ниқоб аз дини ислом

Раиси Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода мегӯяд, ки падидаҳои ба моҳияти дини мубини ислом манфури «терроризм ва экстремизм»-ро ба дин нисбат додан дуруст намеояд, зеро ислом ҳеҷ равобите ба қатлу куштор ва даҳшатафканӣ надорад.
Ба андешаи С.Абдуқодирзода гурӯҳҳои алоҳида ба хотири ба мақсад расиданашон ба рӯйи худ ниқоби ислом мекашанд. «Падидаҳои терроризм, ки ҷаҳонро ба дард овардааст реша дар бехабарӣ аз ислом ва ноогоҳӣ аз асосҳои мазҳаб дорад, — гуфт ӯ ва таъкид кард, ки, — Барои гурӯҳҳои террористӣ ислом ҳамчун рӯпуши мафкуравӣ хизмат мекунад. Дар хусуси ҷиҳод С.Абдуқодирзода изҳор кард, ки «ҷиҳоде ки дар ислом ҳаст ба маънои қатли инсон нест, мазмуни ҷиҳод эҳёи инсон ва эҳёи башарият аст».
Ба хотири шинохти дурусти ҷиноятҳои ба экстремизм рабтдошта дотсенти Академияи ВКД ҶТ А.Тошев пешниҳод дорад, ки дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми ягонаи экстремизм шарҳ дода шавад. «Дар кодекси ҷиноятии ҶТ мафҳуми терроризм ба таври пурра дода шудааст, аммо мафҳуми экстремизм ҳоло вуҷуд надорад», — гуфт ӯ.

Июль 24, 2015 05:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд
ҲАВАСМАНДИИ ОМӮЗГОРОН. Давоми 18 сол 3394 нафар омӯзгорони ҷавон дар вилояти Хатлон соҳиби замин гардиданд
Доир ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
137 акси аксбардори маъруфи тоҷик Заур Дахте ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд
Дар ноҳияи Дарвоз оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
ТАҶРИБАИ НАВ ДАР ЗАФАРОБОД. Дар хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Адҳамхон» 56 адад панели офтобӣ насб карда шудааст
Сокинони ноҳияи Файзобод дар заминҳои наздиҳавлигӣ бештар картошка парвариш менамоянд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони деҳаи Навдеҳи шаҳри Норак таҷрибаи пешқадами кишоварзони ҷаҳонро меомӯзанд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Тоҷикистон аз рӯйи 344 номгӯйи ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд
Хиёбони Рӯдакӣ 57: манбаи имкониятҳои рақамӣ дар маркази Душанбе
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 44 дараҷа гарм мешавад