Ислом-дини раҳму шафқат аст

Июль 22, 2015 06:24

Душанбе, 22.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар ин лаҳзаҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Ислом зидди экстремизм ва терроризми динӣ» ҷараён дорад, ки дар он меҳмонони беш аз 15 кишвари хориҷӣ, намояндагони созмону ниҳодҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок доранд. Ташкилкунандаи конфронс Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Конфронсро  раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода оғоз намуда, меҳмонон ва иштирокдорони конфронсро хайра мақдам гуфт. Сипас  Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз,
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба самъи ҳозирин расонид, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Бори дигар таъкид менамоям, ки терроризму экстремизм ватан, дин, мазҳаб надоранд, балки он хатари воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонист».  
Тавре ки зимни суҳбат Афшини Муқим, сухангӯи кумитаи мазкур хабар дод, дар доираи баргузории конфронси байналмилалӣ мулоқоти раиси Кумитаи  оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода бо як зумра меҳмонони конфронс доир шуд. Аз ҷумла, 21 июл раиси кумитаи мазкур Сулаймон Давлатзода бо вазири иршод, ҳаҷ ва авқофи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Файзмуҳаммад Усмон мулоқот кард. Зимни вохӯрӣ роҳҳои пешгирии терроризму ифротгароӣ, омӯзиши таҷрибаи якдигар дар самти сафарбарнамоии зоирин ба Арабистони Саудӣ дар мавсими ҳаҷ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо баррасӣ шуданд. 
Вазири иршод, ҳаҷ ва авқофи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон изҳори умедворӣ намуд, ки дар конфронси мазкур роҳҳои мубориза бо зуҳуроти номатлуби имрӯза-ифротгароӣ ва терроризм дар минтақа ва ҷаҳон   ҳалли мусбати худро меёбанд ва конфронс натиҷаҳои мусбат ба бор меорад.

 

Июль 22, 2015 06:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд