Истиқболи Оятуллоҳ Хоманаӣ аз шеърхонии шоири тоҷик

Июль 2, 2015 07:59

Душанбе, 02.07.2015.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- “Шоир набояд ба масоили атрофи худ ва дунё бетараф бошад ва бо баёни афкору ашъораш дар ҷомеа таъсиргузор бувад, зеро гоҳо аз як суханронии муфассал ва тӯлонӣ як шеър муассиртар аст”. Ин матлабро Оятуллоҳ Хоманаӣ -Раҳбари  Инқилоби исломии Эрон зимни дидораш бо 200  шоир аз даҳ кишвари ҷаҳон, назири Тоҷикистон,   Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Озарбойҷон дар Теҳрон баён дошт. Дидори роҳбари инқилоби исломии Эрон бо шоирон ҳар сол дар миёнаи моҳи мубораки Рамазон баргузор гардида, дар он шоирони маъруфи Эрон ва дигар кишварҳои ҷаҳон ширкат меварзанд.
    Дар ин вохӯрӣ аз Тоҷикистон Шоҳмансури Шоҳмирзо — адиб ва коршиноси мизи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии ЭКО ширкат ва шеърхонӣ кард.  Вай қабл аз қироати шеъраш гуфт, ки дар ҳеҷ кишвари дунё ба шеъру шоир чунин аҷр намегузоранд, ки дар Эрон аст. Мавсуф афзуд, ки дидори ҳарсолаи Роҳбари ин кишвар бо шоирон шаҳодати гуфтаҳост. Шеъри адиби тоҷик мавриди истиқбол ва таҳсини Раҳбари Эрон қарор гирифт.
Мавриди зикр аст, ки адиби тоҷик Шоҳмансури Шоҳмирзо муаллиф ва мураттибу мутарҷими беш аз 12 китоб дар Тоҷикистон ва Эрон буда, дар беш аз 40 ҳамоиш дар Эрон, Озарбойҷон, Қирғизистон ва Покистон суханронӣ намудааст. Инчунин зиёда аз 500 мақола дар бораи шахсиятҳо ва чеҳраҳои маъруфи Тоҷикистон дар матбуот ва расонаҳои Эрон мунташир намудааст.  Дар соли 2011 Академияи Қафқоз ӯро ба хотири таълифи китоби «Сурмаи дил» (дар ҳамкорӣ бо падараш Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад) бо Ҷоизаи Михаил Лермонтов қадрдонӣ намуд. Вай ҳамчунин дар таҳрир, таҳия ва вироиши китобҳои «Фарҳанги имлоии хатти форсӣ ба сириллики тоҷикӣ» (Фарҳангистони забону адаби форсии Эрон, «Суруш», 2009), китоби «Ҳабибе аз билоди ҷовидон» ( Душанбе, «Аршан», 2011) ва маҷмўаи “Ба хуршед монад ҳама кори ту” (Хуҷанд, 2014) саҳм гузоштааст. 

Июль 2, 2015 07:59

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад