Изҳороти Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон «Оид ба муроҷиати Раёсати Олии ҲНИТ,ниёз ба мудохилаи СММ ва кишварҳои кафили сулҳ дорад»
Душанбе, 04.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Раёсати Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, муроҷиати мазкурро бо иштироки васеи аъзои Раёсат, аъзоёни Кумитаи Марказии ҲКТ, котибони якум, котибони кумитаҳои ҳизбии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор дода, қайд менамояд, ки ин муроҷиати ғайричашмдошт ба тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷумла ба ҳамаи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон бевосита дахл дошта нигаронии ҷиддиро дар ҷомеа ба вуҷуд овардааст.
Раёсати Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, бори дигар қайд менамояд, ки оқибати ҷанги шаҳрвандиро, ки аз тарафи хоҷагони хориҷӣ ва душманони дохилӣ тарҳрезӣ ва ҳидоят мешуд, тамоми халқи кишвар ёд доранд.
Дар раванди ин фоҷиаи нанговар садҳо ҳазор одамон талафоти ҷонӣ ва молӣ диданд.
Иқтисодиёти кишвар комилан хароб гардида, беш аз як миллион шаҳрвандон маҷбуран хоки ватанро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя барои ҳифзи ҷони худу фарзандонашон фирор намуданд.
Дар ҳамин давраи ҳасосу тақдирсоз кумаки СММ ва кишварҳои кафил барои хотима гузоштан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳу субот, хавфи аз байн бурдани давлатро пеш оварда буд, зарурият дошт.
Қайд кардан ба маврид аст, ки омили ҳалкунандаи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ халқи шарифи Тоҷикистон буд, на ягон ҳизби сиёсӣ.
Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар баробари дигар созмонҳои ҷамъиятӣ, дар ҷараёни барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва Ҳукумати қонунӣ дар иҷлосияи тақдирсози 16-ўми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиб гузошт.
Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон яке аз муассисон ва узви фаъоли Шўрои ҷамъиятии Тоҷикистон буд ва боқӣ мемонад, ки дар фаъолияти он сохторҳои поёнии ҳизб дар ноҳияҳо шаҳрҳо ва вилоятҳо ҳамкории судманд ва иштироки бевосита доранд.
Бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва миллӣ, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот ва ҷудоинопазирии Тоҷикистони азиз аз рўзҳои аввали ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ, дар раванди мавриди амал қарор додани ғояҳои он то ҳамин давра дар байни тамоми сокинони кишвар тавассути аъзоёни ҳизб ва ҷонибдоронаш корҳои ташкилию сиёсӣ ва тарғиботию ташвиқотиро ба роҳ монда, ҳаргиз намегузорад, ки сулҳу субот ва якпорчагии Ватан ва ҳамдигарфаҳмии халқи кишвар халалдор гардад.
Вазъияти мураккаби имрўзаи байналмиллалӣ, шиддат гирифтани ҷараёнҳои ифротию терористӣ ба монанди ДИИШ, «Ҳизбу- таҳрир», «Ал-қоида», «Толибон» ва ғайра, ки хатари онҳо ба халалдор кардани авзои сиёсӣ дар дохили кишвар комилан ба назар мерасад, ҲКТ ва ҷонибдоронашро бетараф гузоштан наметавонад.
Воқеаҳои хунини имрўз дар давлатҳои Араб ва Ховари наздик, хусусан Ироқ, Либия, Афғонистон, Сурия, Яман ва ғайра ба амал омада, боиси маргу бехонумонии миллионҳо одамони бегуноҳ, бахусус занону кудакон гардидааст.
Ҳамаи ин фоҷиаҳо аз ҷониби гуруҳҳои ифротгарою террористӣ амалӣ шуда истодаанд. Боиси таассуф ва нигаронӣ ҳаст, ки созмонҳои байналамилалию баъзе миёнаравҳо то ҳанўз роҳи ҳалли барқарор кардани сулҳу суботро дар ин кишварҳо наёфтаанд.
Аз ин рў Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон изҳор менамояд, ки таъмини сулҳу субот, ягонагию якпорчагӣ ва ҷудоинопазирии Тоҷикистони азиз, аз фаъолияти густурдаи ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ дар хамбастагӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон вобастагӣ дорад.
Бояд дар маркази фаъолияти онҳо риояи Конститутсия (Сарқонуни)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хотири сарҷамъии халқ кишвар қарор дода шуда, ҳаллу фасли баъзе ихтилофҳои тарафайн аз тариқи муколамаи сиёсӣ бидуни дахолати дасти хориҷ (хоҷагони хориҷӣ) анҷом дода шавад.
Аз ин рў мантиқи муроҷиати Раёсати Олии Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон аз тафриқаандози ва иғвогарии навбатӣ беш буда наметавонад.
Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон аз солҳои 90-ўми асри гузашта, то ҳамин давра, дар анҷуманҳо, Пленумҳои Кумитаи Марказӣ комилан ҷонибдории худро аз сохти конститутсионӣ ва волоияти қонун дар ҷомеаи навини Тоҷикистон изҳор намуда, бо мақсади таъмини сулҳу субот, Ваҳдати комил ва якпорчагии Ватани азизамон, тамоми фаъолияти ташкилию сиёсиашро қотеъона ба харҷ медиҳад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар анҷумани 31-ўми ҳизб, ки моҳи декабри соли 2014 баргузор гардид, бори дигар ба коммунистон ва ҷонибдорони худ муроҷиат карда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки сарфи назар аз баъзе ихтилофҳои сиёсию ғоявӣ, ҷонибдори пойдории сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва ягонагии Тоҷикистон боқӣ хоҳанд монд.
Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон мардуми шарифи Тоҷикистонро сарфи назар аз мавқеъи ҳизбӣ, раванди динию мазҳабӣ дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ, даъват менамояд, ки зери парчами Ваҳдати миллӣ дар атрофи Давлати конститутсионии Тоҷикистон боз ҳам зичтар муттаҳид шуда, барои таҳкими сулҳи саросарӣ ва рушду нумуӣ Ватани азизамон саҳмгузор бошанд.
Раёсати
Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон