Изҳороти Шӯрои сиёсии Ҳизби Демократи Тоҷикистон

Июль 3, 2015 13:30

    Душанбе, 3.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Шӯрои сиёсиии Ҳизби Демократи Тоҷикистонро муроҷиатномаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нороҳат сохт. Дар қисми аввали муроҷиатнома дар бораи “вазъи номуносиби бавуҷудомада…амалҳои ғайриқонунӣ, ғайриахлоқӣ ва саркӯбгароёнаи Ҳукумати ҶТ нисбати шахсиятҳо, ҳизбҳо ва гуруҳҳои сиёсиву мазҳабии мухолиф…” ҳамчун далели аслии муроҷиатномаи номбурда баён шудааст.
Мо аз он норозӣ ҳастем, ки ҲДТ чун узви ИНОТ-и пешин низ яке аз ҳамшарикон ва ниҳоди калидии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аст, аммо роҳбарони ин ҳизб чаро бо ҳамсафони пешинашон боре ин масъаларо дар миён нагузошта, якбора бо ин шӯру ҳаяҷон қазияро ба саҳнаи байналмилӣ кашидаанд?. Аъзои ҲДТ низ дар гирудорҳои сиёсиву низомии Тоҷикистон дар солҳои 1992-97 гирифтори мушкилот, таъқибу фишор шуда, баъзе аз аъзои он куштаву нобуд ва қисме ҳам бандиву зиндон шуданд. Вале ҳаргиз умед ва такя ба нерӯҳои сиёсии беруна накард, агарчи аввалин қувваи сиёсии оппозитсионӣ дар фазои сиёсии Тоҷикистон буд.
Бояд қайд кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон Созишномаи истиқрори сулҳро на бо ҲНИТ, балки бо ИНОТ имзо кардааст, ки он аз гурӯҳҳо ва ниҳодҳои сиёсии гуногун иборат буд. Вале имрӯз ҲНИТ танҳо худро саҳмгузор ва меросхӯри истиқрори сулҳ медонад ва саҳму ширкати дигар гурӯҳҳои сиёсии шомили ИНОТ-и пешинро нодида мегирад. Бояд иқрор шуд, ки ИНОТ моҳият ва вазифаҳои худро иҷро кард. Дар натиҷа ҳизбҳои сиёсӣ дар интихоботҳо ҳар кадом вобаста ба мавқеъ ва саҳмаш дар ҷомеа соҳиби райъи интихобкунандагон гардиданд, аз ҷумла ҲНИТ дар чор даъват соҳиби курсиҳо дар парлумон буд. Он замон аз фишору ба ном ноадолатиҳои Ҳукумат нисбаташон ин гуна эътироз надоштанд. Имрӯз ҲНИТ бояд ба интихоби мардум арҷ ва эҳтиром гузорад, зеро ин интихоби онҳо ва воқеият аст. 
Аз тарафи дигар маълум мешавад, ки ин ҳизб мушкилоте бо Ҳукумати кишвар дорад. Шояд дар равобити ҳукумат ва ҲНИТ печидагиҳое ҳаст, ки мо аз вуҷуди онҳо ё хатари онҳо хабар надорем. Вале ин мушкили як ҳизб ҳаст, на мушкили мардуми кишвар. Аммо ҳукумат ҳам дар навбати худ бо назардошти таъмини бехатарӣ, оромӣ ва сулҳу суботи мардум бояд даст ба иқдомҳое бизанад. Қобили зикр аст, ки Ҳизби Демократии Тоҷикистон дар таърихи начандон дури худ печидагиҳо ва мушкилоти зиёде дошт, вале онҳоро бе дахолат ва дастгирии қувваҳои ғаразноки сиёсии беруна паси сар кард ва имрӯз бо боварӣ ва дастгирии мардуми кишвар ба сифати як ниҳоди сиёсӣ дар парлумони мамлакат соҳиби мавқеъ гардид.
Бохти ҲНИТ дар интихоботи парлумонии соли 2015 боиси шӯру валвала дар дохили ҳизб шуда бошад, пас аз мо бояд ибрат гирифт, чун дар се интихобот ноком аз курсии парлумонӣ будем, вале садои кароҳате барнаандохтем.
Бинобар ин ҲТД ба унвони намояндаи яке аз ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон ҷонибдори роҳи ҳалли мусолиматомези мушкилоту масъалаҳо мебошад. Гуфтушунид, таҳаммул, гузашт, бахшидани ҳамдигар-аз бузургтарин бозёфтҳои эҷоди сулҳу субот аст, ки мо намунаи беҳтарини онро дар сулҳи Тоҷикистон дорем. Ва ҳеҷ кас ва ҳеч як гурӯҳи сиёсӣ ҳақ надорад, ки барои ҳалли мушкилиҳои худаш такя ба неруҳои сиёсии беруна гузорад ва бо ин роҳ дубора оромӣ ва суботи ҷомеаро халалдор созад. Мисолҳои “кумаку дастгирӣ”-и хориҷиёнро мо дар чанд соли охир дар Украина ва кишварҳои араб баръало мушоҳида намуда истодаем. Сулҳу Ваҳдати Тоҷикистон намунаи беназири бунёдкорӣ, осудагӣ ва пешрафт аст, ки дар таҳкими он танҳо ниҳоди сиёсии солим ва соҳиби боварии аксарияти мардум метавонад саҳмгузор бошад.

Раиси 
Ҳизби Демократи Тоҷикистон С. Исмонов

Июль 3, 2015 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст