Кӯлоб: Вохӯрии кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо ҷавонон

Июль 8, 2015 11:22

Кӯлоб, 08.07.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Терроризм ва экстремизм  дар ҷомеаи имрӯза  ҳамчун зуҳуроти номатлуб арзёбӣ мегарданд. Ҳамроҳшавии ҷавонон  ба ин гуна  гурӯҳҳои ифротгаро масъалаи доғи рӯз буда,  аҳли ҷомеаи ҷаҳонро  ба ташвиш овардааст. Бо мақсади пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна зуҳуроти номатлуб дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки намояндагони ҳифзи ҳуқуқ дар якҷоягӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷамъомад доир гардид.
Зимни мулоқот масъулин иброз доштанд, ки нафарони калаванда ва ҷавононе, ки дониши баланди сиёсӣ надоранд, шомили ин  гуна ҳизбу ҳаракатҳо мегарданд ва ин боиси таассуф аст.

Июль 8, 2015 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш