КДАМ ҶТ: Боздошти 81 вайронкунандаи низоми сарҳадӣ
Душанбе, 15.07.2015. (АМИТ «Ховар», М. Темурзода).- Ҷаласаи натиҷаҳои хизматӣ-ҷангии қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар нимсолаи аввали соли 2015 ва оид ба муайян намудани вазифаҳои хизматии нимсолаи дуввуми соли равон дирӯз дар Душанбе баргузор гардид.
Дар ҷаласа раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов,фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, муовинони фармондеҳ, сардорони раёсатҳо ва сардорони ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ иштирок намуданд.
Тавре ки аз Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар давраи сипаришуда аз тарафи ҳайати шахсии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ корҳои муайян доир ба ҳифзи сарҳади давлатӣ, аз сарҳад гузаронидани шахсони воқеӣ ва воситаҳои нақлиёт, мубориза бар зидди қочоқи маводи нашъаовар гузаронида шуданд.
Хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2015 зиёда аз 657 кг 199 гр. маводи нашъаовар, аз ҷумла 45 кг 921 гр. героин, 254 кг 930 гр. афюн ва 365 кг 318 гр. маводи гурӯҳи каннабис аз қочоқчиёни афғон мусодира намуда, 279 ҳазору 961 бех ниҳоли банги ҳиндиро сӯзониданд.
Ғайр аз ин дар ин давра 62 ҳодисаи вайрон кардани сарҳади давлатӣ, 44 ҳодисаи вайрон кардани реҷаи сарҳади давлатӣ пешгирӣ шуда, 54 вайронкунандаи сарҳад, 81 вайронкунандаи низоми сарҳадӣ боздошт шуд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






