Кофтукови ҷасади ду шаҳрванди ғарқшуда идома дорад

Июль 2, 2015 04:16

 Душанбе, 02.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 1 июл ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми оббозӣ ғарқ шуда, ҷасадашон то ҳол дарёфт нашудааст. Ба иттилои сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Ориф Нозимов Мирзокаримов Аббос Абдуллоевич,  соли таваллудаш 1999, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Зайнабобод, деҳаи Адолат соати 16:45 ҳангоми оббозӣ дар дарёи Кофарниҳон, мавзеи Истиқлоли ҷамоати шаҳраки М.Турсунзода аз  сабаби риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ғарқ шудааст.             
Кофтукоби ҷасади Аббос Мирзокаримов аз тарафи Дастаи зудамали наҷотдиҳии Маркази наҷотдиҳии кумита соати 06:00 рўзи 02 июл  оғоз гардида, то ҳол идома дорад.
Ҳамчунин рўзи 1 июл соати 14:00 дақиқа шаҳрванд Шарофов Талабшо Шоҳмаҳмадович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Хуросон, ҷамоати деҳоти Обикиик, кўчаи Низомӣ №6 ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш, мавзеи Зағерти ҷамоати деҳоти Ваҳдат  аз сабаби риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ғарқ шудааст.
          Кофтукоби ҷасади вай аз тарафи сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Хуросон зери назорат гирифта шудааст. 

 

Июль 2, 2015 04:16

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид