Кохи фарҳанги Исфара таъмир мешавад

Июль 14, 2015 04:12

Хучанд, 14.07.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар вилояти Суғд бо пешниҳоди раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ соли 2015 — Соли рушди фарҳанг ва гулҳо эълон гардидааст ва дар ин росто дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободонӣ ҷараён доранд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар доданд, дар шаҳри Исфара тибқи нақшаи мушаххаси чорабиниҳо ҳоло барои таъмиру навсозии Кохи фарҳанги маркази шаҳр, инчунин ободонию таҷҳизи 45 муассисаи фарҳангии мавҷуда ва фароҳамсозии шароити созгор баҳри фаъолияти самарабахши кормандони соҳа тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Аз ҷумла, барои таъмири куллии бинои Кохи фарҳанги маркази шаҳр аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 150 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо  шудааст.
Дар доираи чорабиниҳои Соли гулҳо иҷрои нақшаи гулзорнамоии кӯчаву хиёбонҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва мавзеъҳои фарҳангиву истироҳатӣ 2,5 маротиба зиёд таъмин гардида, ба ҷойи 50 ҳазор метри мукааби ба нақша гирифташуда дар масоҳати зиёда аз 120 ҳазор метри мукааб гулзор бунёд карда шуд.

Июль 14, 2015 04:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст