Комбинати консерви шаҳри Хуҷанд барқарор мешавад
Хуҷанд, 14.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Бо ибтикори раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ сохтори хоҷагиҳои деҳқонӣ тағйир ёфта, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ беҳтар гардид. Дар робита бо ин, аҳамияти нигаҳдорӣ, коркард ва судури маҳсулоти кишоварзӣ афзуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Комбинати консерви шаҳри Хуҷанд» масъалаҳои зикршударо мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар вақташ комбинати маркази вилоят яке аз корхонаҳои калонтарини давраи шӯравӣ маҳсуб меёфт. Сифати маҳсулоти он баланд буда, дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ харидори зиёде дошт.
Баъди пошхӯрии иттиҳод ва тағйири шаклҳои моликият корхона муфлис гардида, истеҳсоли маҳсулот- қатъ гардид.
Вақтҳои охир роҳбарияти нави корхона барои бозсозии он чораҳои зарурӣ мебинад. Алҳол дар комбинат хати истеҳсоли афшурдаи помидор ва консерви зироатҳои полезӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.
Ҳоло дар корхона 30 нафар дар як баст кор мекунанд. Барои густариши истеҳсоли маҳсулоти зикршуда дастгоҳи нави технологӣ насб шудааст. Дар оянда коркарди ангур, себ, себи биҳӣ, шафтолу ва меваҷоти дигар дар назар аст. Дар ҳоли ҳозир бо деҳқонони ҷамоати «Сарзамин» — и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфара қарордод барои гирифтани ашёи хом имзо шудааст. Ин имкон медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулот афзун намуда, теъдоди коргарони корхона зиёд карда шавад.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






