Комбинати консерви шаҳри Хуҷанд барқарор мешавад

Июль 14, 2015 06:03

Хуҷанд, 14.07.15. (АМИТ «Ховар»). – Бо  ибтикори раиси  вилояти  Суғд  Абдураҳмон  Қодирӣ   сохтори   хоҷагиҳои деҳқонӣ тағйир  ёфта, таъмини  бозори  дохилӣ  бо  маҳсулоти  кишоварзӣ  беҳтар гардид. Дар  робита бо  ин,  аҳамияти  нигаҳдорӣ,  коркард ва  судури  маҳсулоти  кишоварзӣ  афзуд. 
Раиси   шаҳри  Хуҷанд  Раҷаббой  Аҳмадзода  ва роҳбарияти Ҷамъияти  саҳҳомии кушодаи «Комбинати  консерви  шаҳри  Хуҷанд»  масъалаҳои  зикршударо мавриди  муҳокима  қарор  доданд.
Дар  вақташ  комбинати  маркази  вилоят   яке  аз корхонаҳои  калонтарини   давраи  шӯравӣ  маҳсуб  меёфт. Сифати  маҳсулоти  он  баланд буда,  дар  саросари  Иттиҳоди  Шӯравӣ харидори  зиёде  дошт.
Баъди  пошхӯрии  иттиҳод ва  тағйири  шаклҳои  моликият  корхона  муфлис  гардида, истеҳсоли маҳсулот-  қатъ  гардид.
Вақтҳои охир  роҳбарияти нави  корхона барои  бозсозии  он  чораҳои  зарурӣ  мебинад. Алҳол  дар  комбинат  хати  истеҳсоли  афшурдаи  помидор ва  консерви  зироатҳои  полезӣ  мавриди  истифода қарор  дода шудааст. 
Ҳоло  дар  корхона  30  нафар дар  як  баст  кор  мекунанд. Барои густариши  истеҳсоли  маҳсулоти зикршуда  дастгоҳи  нави  технологӣ  насб  шудааст. Дар  оянда  коркарди  ангур,  себ,  себи  биҳӣ, шафтолу  ва меваҷоти  дигар  дар назар  аст. Дар  ҳоли  ҳозир бо  деҳқонони  ҷамоати «Сарзамин» — и  ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров  ва  шаҳри  Исфара қарордод барои гирифтани  ашёи  хом  имзо шудааст. Ин  имкон  медиҳад, ки   истеҳсоли  маҳсулот  афзун  намуда, теъдоди  коргарони  корхона зиёд  карда шавад.

Июль 14, 2015 06:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад