Конфронси байналмилалии илмӣ- амалӣ дар ДТТ
Душанбе, 04.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-3-4 июли соли 2015 дар Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ таҳти унвони «Бехатарии ҳаракат ва фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи нақлиёт» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар конфронси мазкур, ки ба ҳаёт ва фаъолияти докторони илм, профессорон А.М. Оев, О.К. Сангинов ва А.А. Турсунов бахшида шуд, натиҷа ва дастовардҳои илмӣ- амалӣ ва саҳми арзандаи устодон дар ташкили кор, идораи фаъолияти нақлиёт, масъалаҳои рушди роҳдорӣ, таъмини бехатарии нақлиёт ва дигар масъалаҳо мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор гирифтанд. Дар ҷараёни конфронс ҳолатҳои воқеии бехатарии ҳаракат ва фаъолияти инноватсионӣ дар нақлиёт ва роҳҳо ҳаматарафа таҳлил шуданд. Аз ҷумла раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Раҷабова, ректори ДТТ ба номи М. Осимӣ Ҳайдар Одинаев, муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сӯҳроб Мирзоев, профессор Нодир Одилов ва дигарон оид ба ҳаёт ва фвъолияти пурсамари аввалин доктори илмҳои техникӣ оид ба рушди нанотехнология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Абдулҳақ Оев ибрози назар карда, таъкид карданд, ки маҳз профессор Оев тавонист дар як муддати кӯтоҳ оид ба инноватсия дар техникаи сохтмони роҳсозӣ, бехатарии сохтмон ва истифодаи иншооти нақлиётӣ, истифодаи битум ва тақвияти он дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, масолеҳ ва технологияи ҷадид дар сохтмони роҳҳо ва дигар мавзуъҳои муҳим, ки имрӯз дар нанотехнологияи ҷаҳонӣ васеъ истифода мешаванд, корҳои илмӣ нависад ва барои истифода васеи онҳо дар истеҳсолот ҳуҷҷатҳои корбарӣ гирифт. Имрӯзҳо мувофики корҳои илмии доктори илмҳои техникӣ, профессор Абдулҳақ Оев дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 корхонаи бузурги истеҳсоли асфалт фаъолият дорад ва ин корхонаҳо дар рушди инфрасохтори мамлакат таъсири муассир доранд.
Дар конфронси байналмилалӣ инчунигн дар мавриди фаъолияти профессорон А.А. Турсунов ва О.К. Сангинов мубодилаи афкор сурат гирифта, таъкид гардид, ки аз рӯи корҳои илмии ин олимони тоҷик на танҳо дар Чумҳурии Тоҷикистон, балки дар хориҷи кишвар- шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Алмаато, Бишкек низ тадқиқоти илмӣ гузаронида шуда, пешниҳодҳои онҳо дар истеҳсолот васеъ истифода мешаванд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






