Консепсияи ҷорӣ намудани платформаи ягонаи тиҷоратию иттилоотӣ таҳия мешавад
Душанбе, 20.07.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бонки миллии Тоҷикистон консепсияи ҷорӣ намудани платформаи ягонаи тиҷоратию иттилоотии воситаҳои пулию асъориро таҳия намуда истодааст.
Ҳадафи асосии татбиқи платформаи ягонаи тиҷоратию иттилоотӣ аз байн бурдани маҳдудиятҳои мавҷуда дар бозори амалиёти пулию асъорӣ ва таъмини рушди босуботи он бо роҳи муттаҳид намудани равандҳои тиҷоратӣ дар платформаи ягона, навсозии технологӣ ва протсессуалӣ, таъмини дастрасии шаффофу мунтазам дар реҷаи онлайн ба бозори савдо, самаранокии амалиёт ва ҳосилнокӣ аз ҳисоби мувофиқ намудани равандҳои тиҷоратӣ, баланд бардоштани сатҳи мутобиқат, самаранокии идорасозии хавфҳои амалиётӣ ва воридшавӣ ба шабакаҳои байналмилалии бонкӣ мебошад.
Вобаста ба ин якчанд пешниҳоди ширкатҳои бонуфуз дар бораи ҳалли ҳамаҷонибаи масъалаҳои соҳаи иттилооти молиявӣ баррасӣ мегардад. Ҳамчунин дар назар аст, ки рӯзҳои наздик вохӯрии намояндагони ин ширкатҳо бо намояндагони бахши бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад ва зимни он дурнамои тараққиёт ва нақшаи ҷорӣ намудани платформаи мазкур муҳокима шавад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






