Корхонаи бомбгузории ДИИШ дар Киркук нобуд гардид

Июль 6, 2015 03:53

Душанбе, 06.07.2015. (АМИТ «Ховар», Тоҷиддин Аҳмадзода)-Сухангӯи неруҳои муштараки Ироқ Саъд Муъин дар бораи аз байн бурдани корхонае дар ҷанубу ғарбии шаҳри Киркук хабар дод, ки ДИИШ онро барои муҷаҳҳаз намудани мототсиклҳо ва мошинҳо бо маводи тарканда истифода мекард. Вай афзуд, ки дар ин корхона 100 мошини  бо тачҳизоти тарканда омодагардида буд. Неруҳои ҳавоӣ тавонистанд, ки ин корхонаи бузургро дар ноҳияи Раббоз дар ҷанубу ғарбии Киркук аз байн баранд, ки дар он садҳо мототсикл омодаи таркиш ва ҳамин микдори дигар дар ҳолати омодасозӣ барои таркиш қарор доштанд, — афзуд.  Муъин. Гуфта мешавад, ки ҳангоми нобуд сохтани ин корхона ҳамроҳ бо он чандин нафар мутахассисони гурӯҳ, ки мошинҳоро бомбгузорӣ мекарданд, нест гардиданд.

 

 

Июль 6, 2015 03:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст