Коромӯзии олимони хориҷӣ дар АИТ
Душанбе, 9.07.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дар нимсолаи аввали соли равон беш аз 60 корманди АИТ барои такмили ихтисос ба кишварҳои хориҷӣ сафарбар гардид. Ин нуқтаро президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ имрӯз, 9-уми июл зимни нишасти матбуотии академия иброз дошт.
Ба гуфтаи мавсуф, кормандон ҷиҳати коромўзӣ, иштирок дар конфронсияҳои илмӣ, симпозиумҳо, семинарҳо, форумҳо, хондани лексияҳо ва ҳамчунин гузаронидани тадқиқотҳои муштараки илмӣ ба сафарҳои хизматӣ ба давлатҳои хориҷӣ фиристонида шуданд.
Ҳамчунин бо даъвати Академияи илмҳои Тоҷикистон беш аз 30 намояндаи давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Чин, Россия, Олмон дар муассисаҳои АИТ коромўзӣ намуда, корҳои муштараки илмӣ анҷом додаанд, гуфт Фарҳод Раҳимӣ.








Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






