Кумакҳои Сарвари давлат ба аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи Бадахшон

Июль 17, 2015 15:32

Душанбе, 17.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони офати табиии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон кумаки ғизоӣ ирсол гардид. Тавре аз комиссияи махсуси ҳукуматӣ доир ба назорат ва рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз ҷумла орд, шакар, равған, макарон ва дигар маводи ғизоӣ ба ин зарардидагони офати табиӣ расонида шуд. Бино ба иттилои манбаъ аз комиссия мазкур, шоми имрӯз дар ин минтақа боз обхезӣ ба амал омада, дар натиҷа 5 хонаи дигарро дар деҳаи Колхозобод пурра нобуд сохт. Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар ҷои ҳодиса бо супориши Сарвари давлат комиссияи махсус фаъолият карда, барои кӯчонидани аҳолӣ ба ҷойҳои бехавф ва рафъи окибатҳои ин офати табиӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Июль 17, 2015 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид