Кумаки занони кишвар ба осебдидагони сел дар Бадахшон

Июль 28, 2015 09:28

Хоруғ, 28.07. 2015. (АМИТ «Ховар», Файз Мирҳасан).-Кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мошинҳои пур аз маводи ниёзи аввал ба шаҳраки хаймавие, ки барои осебдидагони деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон бунёд шудааст,  расиданд. Муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Лашкарбекова гуфт, ки ин ҳодиса ҳамаи занони ҷумҳуриро нигарон сохт ва онҳо аз рӯзҳои аввал дасти мададро ба оилаҳои зарардида дароз намуданд. Ин дафъа мо бо худ ба шаҳраки муваққатӣ ҷиҳози хоб, чойник, пиёла, коса, табақ ва маводи беҳдоштӣ барои кӯдакону занон овардем ва бо занону духтарон мулоқот анҷом додем. Мардум агарчи тамоми бисоти худро аз даст додаанд, аммо ин пуштибонӣ ба онҳо неру бахшид ва ба зиндагӣ дилгарм сохт.
Ҳамчунин ба зарардидагони  офати  табиӣ дар ин рӯз  аз тарафи Раёсати  Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»   3 тонна орд ва 300 литр равған  тақсим карда шуд.

 

 

Июль 28, 2015 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш