Литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ фаъоланд

Июль 20, 2015 12:19

Душанбе, 20.07.2015. (АМИТ “Ховар”, Раъно Нусратуллозода).- Чандест, ки дар расонаҳои иттилоотӣ вобаста ба фаъолияти литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ зиёд менависанд ва бархе бар он назаранд, ки гӯё фаъолияти ин муассисаҳо қатъ мегардад. Вобаста ба ин бо муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳиддин Исмонов мусоҳиба анҷом додем, ки фишурдаи он пешкаши хонандагон мегардад:

— Тавре ки мушоҳида мешавад, имрӯзҳо дар расонаҳои иттилоотӣ садоҳо перомуни қатъ гаштани фаъолияти литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ -туркӣ хеле зиёданд. Вобаста ба ин мехостем атрофи ин садоҳо бо Шумо суҳбат кунем. Шуруъ мекунем аз он ки оё воқеан ин овозаҳо воқеият доранд? Яъне фаъолияти литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ қатъ мешавад?
— Дар мавриди он овоза ё садоҳо вобаста ба қатъ гардидани фаъолияти литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ бояд зикр кард, ки ин гуфтаҳо ҳеҷ асоси воқеӣ надоранд ва ин, ки гӯё ин муассисаҳо дигар фаъолият намекунанд, беасос аст, зеро, аллакай лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи табдил додани литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ ба литсейҳои ҷумҳуриявӣ барои хонандагони болаёқат” омода шудааст, ки тибқи муқаррароти ин қарор танҳо шакли идора ва шакли ташкилии муассисаҳо тағйир меёбаду халос. Тавре ки вазири маориф ва илм Нуриддин Саид дар нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илм дар нимсолаи аввали соли 2015 зикр намуд, ягон ниҳод, ягон нафар мақсади бастани муассисаҳои мазкурро надорад. 

-Дар идомаи ин суол мехостам фаҳмам, ки оё ин иқдоми пешгирифта ба муроҷиати роҳбари давлати Туркия, ки ба бастани ин муассисаҳо ба чанд кишвар ироа шуда буд, мутааллиқ аст ё на?
— Масъалаи табдили литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ ҳанӯз як сол қабл матраҳ шуда буд. Дар давоми ин муддат аз ҷониби гурӯҳи кории вазорат корҳои омодагӣ, мувофиқанамоӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор, ҳамчунин бо ширкати “Шалола”, ки ҳаммуассиси муассисаҳои мазкур аст, идома дошт. Роҳбарияти Вазорати маориф ва илм аз рӯзи аввале, ки масъалаи табдили муассисаҳо ба миён омад, вазифа гузошт, ки он заминаи моддӣ, техникӣ, кадрӣ ва муваффақиятҳое, ки доштанд, барои минбаъд низ нигоҳ дошта шавад. Аз ин рӯ, мо якбора сари мақсад наомадем ва саросема ҳам набудем. Танҳо баъд аз омӯзишу таҳлилҳои амиқи паҳлуҳои мухталифи масъала ба тадриҷ, зина ба зина амалҳои заруриро анҷом додем. Ва хушбахтона, ҳафтае қабл бо вазорату идораҳои дахлдор ба мувофиқа расидем ва алҳол Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи табдил додани литсейҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ ба литсейҳои ҷумҳуриявӣ барои хонандагони болаёқат” дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

— Вазири маориф ва илм Нуриддин Саид дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки ин литсейҳо ба литсейҳои хонандагони болаёқат табдил меёбанд ва ин нуқтаро Шумо низ тасдиқ кардед, пас низоми таълим чӣ гуна сурат мегирад: низоме, ки то имрӯз ҷорӣ буд ва ё низоме, ки дар дигар муассисаҳои таълимии ҷумҳуриявӣ ва ё гимназияву литсейҳо ҷорист?
— Таҳсил дар литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ аз рӯзи таъсис бо мувофиқаи Вазорати маориф ва илм амалӣ мешуд ва дар доираи меъёрҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мегардид. Фарқи ин муассисаҳо аз дигар муассисаҳо танҳо дар он буд, ки ҳамчун фанни иловагӣ забони туркӣ низ омӯхта мешуд. Инчунин дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илм як қисми фанҳо, ки ба доираи фанҳои дақиқ шомиланд, бо забони англисӣ ва қисми дигари фанҳо, аз қабили забони модарӣ, таърих, география, асосҳои давлат ва ҳуқуқ бо забони тоҷикӣ таълим дода мешаванд. Яъне, бори дигар такрор менамоям, ки низоми таҳсил дар доираи меъёрҳои давлатӣ амалӣ мешавад. Албатта, бо табдил додани муассисаҳои мазкур низоми амалкунанда нигоҳ дошта мешавад ва ба замми ин, Вазорати маориф ва илм ният дорад муассисаҳои мазкурро ба шабакаи муассисаҳои шакли нав-муассисаҳои Президентӣ барои хонандагони болаёқат шомил созад, ки дар маҷмӯъ 14 муассисаро ташкил медиҳанд. Дар ин сурат, дар 8 муассисаи Президентӣ барои хонандагони болаёқат ва 6 литсей-интернат барои хонандагони болаёқат, ки як шабакаи томро ташкил медиҳанд, аз рӯйи як низоми муайян ва хос таълиму тадрис ба роҳ монда мешавад. Низоми амалкунанда, ки то имрӯз амалӣ мешуд ва муваффақиятҳои бештарро ноил буд, нигоҳ дошта мешавад. 
Дар ин росто, мехоҳам дар мавриди арзиши солонаи таҳсил низ чанд нуктаро иброз дорам. Бояд гуфт, ки арзиши таҳсил дар муассисаҳои мазкур бо пешниҳоди мудирияти кулл ҳамасола тағйир меёфт ва ин тағйирот аслан  ба сатҳи таварруме, ки дар ҷумҳурӣ амал мекунад ва афзоиши хизматрасонии коммуналӣ марбут аст. Имсол дар назар дошта шудааст, ки арзиши солонаи таҳсил барои соли нави таҳсил  тағийроти куллӣ надида, танҳо афзоиши хизматрасонии коммуналӣ ва сатҳи таваррум ба инобат гирифта шавад. Албатта, арзиши таҳсил бо мақомоти дахлдор, аз ҷумла Агентии зиддиинҳисорӣ мувофиқа хоҳад шуд. 
Инчунин боиси таъкид аст, ки тамоми даромаде, ки муассисаҳои мазкур аз ҳисоби фаъолияти худ мегиранд, пурра дар суратҳисоби муассисаҳо нигоҳ дошта мешаванд. Ба Вазорати маориф ва илм аз даромади онҳо ягон фоизи муайян ворид намегардад ва ҳеҷ намуди маблағ аз ин муассисаҳо ба Вазорати маориф ва илм интиқол дода намешавад. Баръакс, вазорат дар оянда кумакҳои гуногуни худро, аз қабили таъминот бо таҷҳизоти муосир, маводи методӣ, китобҳои дарсӣ мерасонад. Илова ба ин, агар аз ҷониби устодони ин муассисаҳо ҳар навъ дастурҳои илмию методие таҳия мегарданд, вазорат онҳоро низ нашр ва дар байни дигар муассисаҳои таълимӣ паҳн менамояд. 

-Замоне чанде аз расонаҳо аз он ҳарф гуфтанд, ки гӯё иштирокдорони олимпиадаҳои байналхалқӣ танҳо хонандагони ин муассисаҳоянд, дуруст аст? Ва тақдири он омӯзгороне, ки аз Ҷумҳурии Туркия дар ин муассисаҳо ба таълиму тадрис машғул буданд, чӣ мешавад?
— Вобаста ба суоли Шумо, бояд зикр намуд, ки дар ҳақиқат шумораи бештари иштирокдорони олимпиадаҳои байналхалқӣ маҳз аз литсейҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ ҳастанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки дар дигар муассисаҳо чунин иштирокчиён набошанд, зеро агар дақиқтар нигарем, аксари олимпиадаҳои байналхалқие, ки доир мегарданд, бештари онҳо маҳз барои литсей-интернатҳои муштаракӣ туркӣ созмон дода мешаванд. Яъне, он олимпиадаҳо олимпиадаҳои махсуси шабакавӣ буда, танҳо байни хонандагони ин навъ муассисаҳо сурат мегиранд. Аз ин нигоҳ, теъдоди иштирокдорон ва дастовардҳои хонандагони ин муассисаҳо зиёдтаранд, аммо воқеият нишон медиҳад, ки литсейи иқтисодии шаҳри Душанбе, литсей-интернати шаҳри Турсунзода, литсей-интернати шаҳри Кӯлоб, гимназияи Тоҷикистон, литсейи ба номи Темур Собирови шаҳри Ваҳдат, литсейи президентии шаҳри Душанбе, литсейи назди ДТТ-и Душанбе, мактаби №1-и шаҳри Душанбе, гимназияи “Ҳотам ва ПВ”, мактаби №78-и шаҳри Душанбе, мактаби №21-и шаҳри Душанбе, Мактаби президентии шаҳри Чкалов, литсейи №2-и шаҳри Душанбе, мактаби №35-и ноҳияи Рӯдакӣ, литсейи алоқа, литсейи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мактаби №3-и ноҳияи Данғара, литсейи тамоюли техникии шаҳри Қӯрғонтеппа, литсейи №1-и шаҳри Истаравшан, мактаби №40-и ноҳияи Файзобод, литсейи №1-и шаҳри Исфара, мактаби №24-и шаҳри Душанбе, гимназияи “Душанбе”, мактаби президентии шаҳри Хоруғ, гимназияи “Ориёно”-и шаҳри Қӯрғонтеппа, мактаби №6-и ноҳияи Файзобод, гимназияи “Ворисон” ва дигар муассисаҳои таълимии ба ин монанд дар олимпиадаҳои байналмилалӣ муваффақона иштирок менамоянд ва боз иштирок хоҳанд кард. Агар ба маълумоти оморӣ нигарем, тӯли солҳои 2011-2014 ва нимсолаи аввали соли 2015 хонандагони ин муассисаҳо ба гирифтани наздик ба 150 медали тилло, нуқра ва биринҷӣ ноил гардидаанд. 
Ва он чи ба қисмати дуюми суол дахл дорад, бояд бигӯям, ки дар ин муассисаҳо наздик ба  250 омӯзгор фаъолият менамояд, ки танҳо 36 нафари онҳо аз Ҷумҳурии Туркия мебошад. Тибқи супориши вазири маориф ва илм бо омӯзгорони мазкур вохурӣ доир намудем ва пешниҳод кардем, ки онҳо метавонанд бемамониат фаъолияти худро идома диҳанд. Мо дар доираи он имконоте, ки аз ҷониби муассисаҳои мазкур роҳандозӣ мешавад, бо онҳо ҳамкорӣ менамоем. Яъне, он имтиёз ва музди маоше, ки доштанд, нигоҳ дошта мешавад. Як нуктаро қайд кардан зарур аст, ки пештар ин омӯзгорон  бо ширкати “Шалола” шартномаи ҳамкорӣ доштанд ва ҳамакнун метавонанд бо худи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, ки мустақилона фаъолият менамоянд, шартномаи ҳамкорӣ банданд ва фаъолияти худро идома диҳанд, зеро ба ҳамагон маълум аст, ки қисме аз муваффақиятҳо ин танҳо аз кадрҳои баландихтисос-омӯзгорони фаъол вобаста аст, аз ин рӯ мо ягон мамониат дар пеши роҳи эшон намегузорем. Бар замми ин, аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ҷалби омӯзгорон аз дигар кишварҳо, ба монанди Покистон, Ҳиндустон, Филиппин, Бангладеш, Малайзия  ва дигар кишварҳо оғоз шудааст. Гузашта аз ин, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ватанӣ омода кардани омӯзгорони фанҳои дақиқ дар гурӯҳҳои забони англисӣ, ба роҳ монда шудааст. Тавре ки гуфтем, дар  ин муассисаҳо, ки ба шабакаи мактабҳои шакли нав шомил мегарданд, таъминоти кадрию моддию техникӣдар доираи шабакаи ягона амалӣ  мешаванд.

-Имрӯзҳо ҳар гуна овозаҳо аст, ки гӯё волидайн бо мақсади он ки литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ баста мешаванд, фарзандонашонро аз ин муассисаҳо гирифта истодаанд ва агар то имрӯз хоҳиш ё нияти супоридани фарзандонашонро ба ин муассисаҳо доштанд, аз раъйи худ гаштаанд. Пас, Шумо чӣ тавсия медиҳед ба волидайн?
-Тавре ки гуфтем, фаъолияти литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркӣ идома ёфта, заминаи моддию техникию кадрии онҳо боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, ман ягон зарурат ва ё сабаберо, ки гӯё сатҳи таълим дар муассисаҳои мазкур паст мешуда бошад, намебинам, зеро тамоми низоми қаблан амалкунанда боқӣ мемонад. Аз ин нигоҳ, аз волидайн хоҳиш менамоям, ки ба саросемагӣ роҳ надиҳанд ва ба ҳар гуна овозаҳо бовар накунанд. Такроран мехоҳам зикр намоям, ки аз 250  омӯзгор наздик ба 85 фисади онҳоро кадрҳои ватанӣ ташкил медоданд, ки пурра фаъолияташонро идома дода истодаанд. Аз ин лиҳоз, аз табдили номи муассиса, ки гӯё фаъолияти онро қатъ мекарда бошад, набояд ҳангома сохт ва набояд миёни волидайн, ки мехоҳанд фарзандонашон дар ин муассисаҳо таълим гиранд, тухми яъсу ноумедиро кошт. 
Мехоҳам таъкид созам, ки дар вазорат вобаста ба табдил додани литсейҳои мазкур гурӯҳи корӣ таъсис шудааст. Падару модарони муҳтарам метавонанд, ки барои ҷавоб гирифтан ба саволҳои худ ба ин гурӯҳи корӣ муроҷиат намоянд ва ё тавассути телефони боварии вазорат (227-76-86) маълумот гиранд ва саволи худро пешниҳод намоянд. 
Бо боварӣ гуфта метавонам, ки гирифтани мақоми давлатӣ кафолат медиҳад, ки фаъолияти муассисаҳои мазкур устувор, самаранок ва босифат амалӣ шавад ва дастовардҳои онҳо дучанд гардад.
-Ташаккур!

 

Июль 20, 2015 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Симпозиуми байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб
Дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноат ва савдои шаҳри Ҳисор беш аз 5,4 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфтааст
Онлайн-хизматрасонӣ: чӣ тавр метавон масъалаи мобилиро дар якуним дақиқа ҳал намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» бо «Лигаи футболи Тоҷикистон» шартномаи ҳамкориро идома дод