М. Хидирзода: «Зани тоҷик худшинос аст ва дар ҷомеа мавқеи худро дорад»
Душанбе, 24.07.2015. (АМИТ «Ховар» А. Ҳаитов).-Мувофиқи маълумоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занону духтарон нисбат ба солҳои пеш хеле зиёд шудааст.
Мағфират Хидирзода дар нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз баргузор гардид, изҳор кард, ки дар дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ — 48,2 фоиз, Агентии хизмати давлатӣ — 42,5 фоиз, Агентии омор — 40,4 фоиз, Вазорати адлия — 35,2 фоиз, Кумитаи забон ва ислоҳот — 61,5 фоиз, Кумитаи телевизион ва радио — 41,3 фоиз, Хадамоти алоқа — 40,3 фоиз, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа — 40,5 фоиз, Сардораи бойгонӣ — 60,6 фоиз, Саридораи геология — 43,7фоиз, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ — 25 фоиз, Кумитаи кор бо занон ва оила — 80 фоизи кормандонро занон ташкил медиҳанд.
Кумитаи кор бо занон ва оила нақша дошт, ки дар давраи солҳои 2012-2015 36 ҳазору 700 зану духтарро ба касбомӯзӣ ҷалб ва бо ҷойи кор таъмин намояд. «Таҳлилҳо нишон доданд, ки ин нишондод як баробар зиёд иҷро шудааст», — гуфт раиси Кумитаи кор бо занон ва оила М.Хидирзода.
Тибқи маълумоте, ки ба АМИТ «Ховар» пешниҳод гардид, дар нимаи аввали соли 2015 шумораи бекор кардани ақди никоҳ нисбат ба соли гузашта 124 ҳолат кам ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин ҳолатҳои даст задан ба худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ дар миёни занону духтарон нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 8 ҳолат камтар мебошад.
Вобаста ба ҷойгоҳ ва мақоми занону духтарони тоҷик дар шароити имрӯза ва ояндаи наздик Махфират Хидирзода некбинона гуфт, ки: «Зани тоҷик имрӯз зани худшинос шудааст, мавқеи худро дар ҷомеа ёфтааст ва онро дар оянда устувор мекунад».








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






