М. Убайдуллоев судяҳоро ба поквиҷдонӣ даъват кард
Душанбе, 21.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев дар иҷлосияи дуюми палатаи болоии Парлумони кишвар судяҳои тозаинтихоби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба саҳм гузоштан дар таҳкими волоияти қонун дар ҷомеа, инчунин садоқат ба халқу ватан ҳидоят намуд. М. Убайдуллоев таъкид кард, ки рисолати азалии судяҳо дар ҷомеа боадолатона рафтор намудан аст. Аз ин рӯ, судяҳоро мебояд дар низоми судии кишвар бо виҷдони пок ва бо инсоф фаъолият намоянд, то дар таҳкими адолати судии кишвар нақши муассир гузоранд, афзуд раиси Маҷлиси миллӣ.
Бояд тазаккур дод, ки 21 июл дар ҷараёни баргузории иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллӣ аъзои палатаи болоии Парлумони кишвар пешниҳоди Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи бозхонд ва интихоб кардани судяҳои суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии ҷумҳуриро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамин тариқ, бо пешниҳоди Президенти кишвар, судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Расулзода ва Исмон Гиёев бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд гардиданд.
Ҳамзамон бо пешниҳоди Президенти кишвар Дилбар Маҳмадшарофӣ, Марҳабо Наимзода, Сулаймон Қосимзода, Сафарбек Ғуломов ва Кенҷазода Муҳаммадҷалолиддин судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Инчунин аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳоди Президенти ҷумҳуриро дар бораи аз вазифаи муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд кардани Вайсиддин Фатҳуддин бинобар сабаби ба нафақа баромадан ва бозхонд кардани Шоҳиён Муҳаммадсаид Алимардон аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодӣ бинобар ба кори дигар гузаштан ҷонибдорӣ карданд. Бояд тазаккур дод, ки Шоҳиён Муҳамадсаид Алимардон бо пешниҳоди Сарвари давлат муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.








Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид






