Маҳфили “Ганҷи сухан” дар Кӯҳистони Мастчоҳ доир мешавад

Июль 10, 2015 02:21

Душанбе, 10.07.2015. (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).-  Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд нишасти 129- уми маҳфили “Ганҷи сухан”  21- уми июл дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор мешавад.
Дар  нишаст дар мавзӯъҳои “Навгониҳои илмиву адабӣ ва фарҳангӣ”, “Назаре ба нусхаҳо ва чопи “Луғати Фурс”-и Асадии Тӯсӣ”, “Тақвими адабиёт ва фарҳанг”, “Шарҳи як ғазали Хоҷа Камоли Хуҷандӣ”  гузоришҳо ироа мешаванд.
Дар маҳфил ҳамзамон шеърхонии шоирон Озарахш ва Неъмати Оташ  дар назар аст.

Июль 10, 2015 02:21

Хабарҳои дигари ин бахш