Маҷмӯаи «Нархҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз чоп баромад

Июль 18, 2015 04:08

Душанбе, 18.07.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Маҷмӯаи «Нархҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз чоп баромад. 
Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти ҶТ, маҷмӯа маълумотро дар бораи сатҳ ва динамикаи нархҳо, молҳои саноатӣ ва хизматҳое, ки дар бахши истеъмолӣ ба аҳолӣ расонида мешаванд, индекси нархҳои истеҳсолкунандаҳои маҳсулоти кишоварзӣ, индексҳои нархҳо барои харидории намудҳои алоҳидаи маводи бинокорӣ аз тарафи ташкилот ва индексу таърифаҳо дар ҳамлу нақли борҳо бо намудҳои асосии нақлиётро дар бар мегирад.
Фаслҳои маҷмӯа маводи ҷадвалӣ ва графикӣ, маводи методологӣ ва тафсирро нисбат ба онҳо дар бар мегиранд. 

Июль 18, 2015 04:08

Хабарҳои дигари ин бахш