Машварати кории А. Иброҳим дар мавриди омодагии мақомоти ВМКБ ба давраи тирамоҳу зимистон

Июль 10, 2015 10:11

Душанбе, 10.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти мухтори кўҳистони Бадахшон таҳти раёсати  муовини Сарвазири  мамлакат Азим  Иброҳим оид ба рушди соҳаи саноат дар минтақаҳо ва омодагии  мақомоти  дахлдори  вилоят ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016  бо иштироки ҳайати васеи ҳукуматӣ дар сатҳи муовинони соҳавии роҳбарияти  вазорату идораҳо, шаҳру ноҳияҳои вилоят, дигар масъулини соҳа ва доираи васеи соҳибкорон машварати кории ниҳоӣ доир шуд.  
Муовини  Сарвазир  таъкид кард, ки  машварати корӣ  дар робита ба иҷрои  нишондиҳандаҳои   паёмҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ  дар   солҳои 2014 ва 2015 баргузор гардида, талошҳои муштараки мақомоти дахлдорро дар таъмини иҷрои ин нишондиҳандаҳо ҳамоҳанг месозад.
Тавре ки таъкид шуд,  дар панҷмоҳаи аввали соли 2015 ҳиссаи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он ба 197,3  млн. сомонӣ ё ин ки ба 1,4 % аз ММД-ии кишвар баробар мебошад. Дар моҳҳои январ-майи соли 2015, корхонаҳои саноатӣ   якҷоя бо бахши  хусусӣ  ба маблағи 35,2 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки  суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2014-ум 114,4%  ё ин ки 5,5 млн.сомонӣ зиёд мебошад. 
Аз  16  корхонаи  саноатии  ҳисоботдиҳандаи  вилоят дар моҳҳои январ-майи соли 2015  4  корхона (25,0%)  суръати  афзоишро  нисбат ба моҳҳои январ-майи  соли  2014  таъмин  намуда   9  корхона  (56,3%) суръати афзоишро  таъмин  накард  ва 3 корхона (18,7%) умуман фаъолият накардааст.
    Дар ҳудуди Вилояти мухтори кўҳистони Бадахшон дар соли 2015 сохтмони 15 адад корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо ташкили 273 адад ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. 
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҳудуди  шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори куҳистони Бадахшон 3 -то корхонаи коркарди шир фаъолият намуда, 2-тои он дар ҳудуди шаҳри Хоруғ ва 1-тои дигари он дар ноҳияи Шуғнон ҷойгир мебошад. Ҳамзамон  дар  ноҳияҳои Ванҷ ва Мурғоб бунёди  як ададӣ корхонаи шир  дар соли ҷорӣ пешбинӣ гардидааст.  Мутаассифона, то имрўз дар ноҳияҳои Дарвоз, Рўшон, Роштқалъа ва Ишкошим то ҳол барои бунёди чунин корхонаю коргоҳҳо нақшаҳои корӣ тарҳрезӣ нагардидаанд. 
Муовини Сарвазир таъкид намуд, ки бо мақсади рушди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои хурд дар деҳот ва ноҳияҳои дурдасти вилоят, тавассути Фонди дастгирии  соҳибкорӣ  5,890  ҳазор  сомонӣ  қарзҳои  имтиёзнок барои ба роҳ мондани истеҳсолоти 11 ширкат ҷудо гардидаанд. 
Саноати  дӯзандагӣ ҳам дар вилоят чун соҳаи ояндадор пешбинӣ мешавад. Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илм, шумораи умумии донишҷӯёни  мактабҳои олӣ ва миёнаи техникии  Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ба 4688  нафар ва  шумораи талабагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба 38400 нафар баробар мебошад. Ин рақамҳо ифодакунандаи мавҷуд будани бозори  муносиби  хизматрасонӣ  буда, дар  ҳолати рушди истеҳсолот, таъмини сифат ва арзиши дастраси либос  имконияти таъмини аҳолӣ бо  маҳсулоти хушсифати ватанӣ  фароҳам оварда мешавад.
Дар машварат  роҳбари  Ассотсиатсияи соҳибкорони вилоят таъкид намуд, ки шароити кўҳистон ва имкониятҳои маҳдуди вилоят муносибати хоссаро нисбат ба соҳибкорону бахши хусусӣ талаб менамояд. Вобаста ба ин ба мақсад мувофиқ мебуд, ки намояндагии Фонди дастгирии соҳибкорӣ дар маркази вилоят низ таъсис шавад. Муовини Сарвазир аз доираи соҳибкорон даъват намуд, ки лоиҳаҳои ба шарту шароити минтақа муносибро таҳия намуда, ҷиҳати амалигардонии онҳо ба Фонди дастгирии соҳибкорӣ муроҷиат намоянд. 
Ёдовар мешавем, ки дар давоми ду соли охир барои дастгирии соҳибкорӣ барои Фонд 133 млн. сомонӣ аз ҳисоби буҷа ҷудо гардидааст ва ин нишондиҳанда дар 7 соли оянда ба 1 миллиард сомонӣ расонида хоҳад шуд. 
    Вобаста ба масъалаҳои зимистонгузаронӣ муовини Сарвазир таъкид намуд, ки аллакай аз ҷониби Вазорати молия маблағҳои зарурӣ барои хариди ангишту ҳезум пешбинӣ шудаанд ва дар давоми 2-3 моҳи оянда соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳанги вилоят бояд маводи заруриро захира намоянд. Инчунин ба масъулини  Вазорати нақлиёт супориш дода шуд, ки бо мақсади дар фасли зимистон ҳамеша кушода нигоҳ доштани ағбаҳо ва шоҳроҳи Кўлоб-Хоруғ-Кулма, сари вақт масъалаи  захира намудани маводи зиддилағҷишро ҳалл намоянд.     
  

Июль 10, 2015 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Чӣ гуна худ ва атрофиёнро аз чангу ғубор муҳофизат намоем?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои фоиданокӣ қаламфури булғориро бе коркард, дар шакли тару тоза истифода баред
Дар шаҳри Бӯстон сохтмони корхонаи муосири забҳи парранда идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо гузашти 28 сол аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисодии Тоҷикистон бештар эҳсос мешавад
Фаъолияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ яке аз воситаҳои муассири таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад
Муовини Раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода: «Мардум ба Пешвои миллат боварӣ ва эътимод дорад»
Тоҷикистон дар партави ваҳдати миллӣ ба сӯи шукуфоии нав қадам мегузорад