Машварати кории Сарвари давлат бо роҳбарият ва муҳандисону бинокорони НБО Роғун
Душанбе, 16.07.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз, пас аз зуҳр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва шумораи зиёди муҳандисону бинокорони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун машварати корӣ анҷом дод.
Зимни суханронии Сарвари давлат, аз ҷумла изҳор гардид, ки: “корҳои назаррас анҷом ёфтаанд, вале фаъолияти оянда ҳанӯз ҷаҳду талоши зиёдро талаб мекунад”.
Аз бинокорони матиниродаи ин нерӯгоҳ талаб карда шуд, ки корҳоро бо сифати баланд ва бо риояи тавсияҳои коршиносони муътабари байналмилалӣ, ки тайи 7 сол лоиҳаи сохтмони ин иншоот ва таъсири иҷтимоию экологии онро мавриди ташхису баҳодиҳӣ қарор додаанд, анҷом диҳанд.
Ҳамчунин талаб карда шуд, ки ҳар як сомонӣ маблағи барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун ҷудошуда самаранок ва сарфакорона истифода карда шавад.
“Ҳар як ширкати пудратӣ ва зерпудратӣ, ки корҳоро бо сифати баланд ва тибқи нақшаи календарӣ анҷом медиҳад, соҳиби лоиҳаҳои нав ва ҳаҷми бештари корҳои сохтмону васлгарӣ хоҳад шуд”, — изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Пас аз анҷоми суханронии Президенти кишвар ҳисоботи масъулини сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун шунида шуд.
Хайрулло Сафарзода, роҳбари Идораи марказии сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун зимни ҳисоботи худ бо эътимоду боварӣ таъкид дошт, ки навбати аввали ин иншооти муҳими гидроэнергетикӣ дар муддати муайяншуда ва бо сифати баланд ба поён расонда мешавад.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки заҳмати софдилонаю баҳодуронаи бинокорони нерӯгоҳи Роғун самараи дилхоҳ оварда, боиси таъмини фардои дурахшону пурсаодати Тоҷикистони азиз хоҳад шуд.
Ҳамчунин ба роҳбарияти шаҳри Роғун, ноҳияи Файзобод ва дигар ноҳияҳои ин минтақа доир ба нигоҳубини босифати роҳҳо ва ободу кабудизор кардани ду паҳлӯи шоҳроҳҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






