Масъулин ба маводи танқидии ТВ «Сафина» кам вокунин нишон додаанд
Душанбе, 09.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Аз 35 маводи танқидӣ- таҳлилӣ, ки тавассути барномаҳои иттилоотии телевизиони «Сафина» дар нимсолаи аввали соли равон оид ба масоили мухталифи ҷомеа таҳия ва пахш гардидаанд, танҳо ба 6 мавод масъулини мақомоту сохторҳои марбута вокуниш нишон додаанд.
-Дар оянда,-мегӯяд роҳбари тозатайъини «Сафина» Зевар Давлатзода, гузоришҳои танқидӣ дар барномаҳои иттилоотии «Навид» ва «Ҷамъбасти ҳафта» пахш хоҳанд шуд, ки онҳо ба ҳалли проблемаю норасоиҳое, ки дар ҷомеа ҷой доранд, мусоидат менамоянд.
Таъкид шуд, ки аз 35 маводи таҳлилӣ-интиқодӣ 16- тоаш аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, 10 тоаш аз вилояти Суғд, аз ноҳияҳои тобеи марказ буда, 1 маводи интиқодӣ ва 8 маводи танқидӣ ба шаҳри Душанбе рост меоянд.
Инчунин дар ин давра фаъолияти намояндагиҳои ТВ «Сафина» дар минтақаҳои гуногуни кишвар чашмрас арзёбӣ гардид. Хусусан дар филиали муассиса дар вилояти Суғд дар ин давра беш аз 50 барномаи таҳлиливу иттилоотӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва нашрҳои махсус аз ҷараёни сафари Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии ин вилоят пешкаши тамошобинон гардонида шуд. Дар маҷмӯъ, дар ин давра беш аз 100 гузориш, лавҳаву маводи иттилотӣ ва таҳлиливу танқидӣ аз ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ин вилоят таҳия ва тавассути барномаҳои ТВ «Сафина» пахш гардиданд. Дар филиали ТВ «Сафина» дар вилояти Хатлон ҳам дар зарфи шаш моҳ 12 барнома, 180 гузориш ва 6 маводи таҳлилӣ омода гардиданд, ки ба соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят бахшида шудаанд.
Барномаи «Бадахшон чатри симини замин аст», ки муҳимтарин рӯйдодҳои ҳаёти иҷтимоию фарҳангии ин минтақаи дурдасти кишварамонро инъикос менамояд, дар ин давра ҳафтае як маротиба пешкаши тамошобинон гардонида мешуд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






