Мавҷи ҳавои гарми саудӣ ба сӯи кишвари мо ҳаракат дорад
Душанбе, 10.07.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Ҳавошиносони кишвар иттилоъ доданд, ки аз 12 то 15 июл дар ҷумҳурӣ ҳавои гарму тоқатфарсо ҳукм ронда, дар ин рӯзҳо дар манотиқи ҷануби кишвар-вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво ба 40-45 дараҷа мерасад.
Сайёра Навҷувонова -мутахассиси Маркази обуҳавошиносии ҷумҳурӣ дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар моҳи равон ин дуюмин раванди воридшавии ҳавои гарм аз нимҷазираи Арабистони Саудӣ ба кишварамон мебошад. Воридшавии мавҷи ҳавои гарму хушки саудӣ ба кишвари мо, ки сарзамини офтобист, ҳолати муқаррарӣ буда, он ҳамасола асосан дар фасли тобистон мушоҳида мегардад.
Дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар вилояти Хатлон шабона 20-30, рӯзона 40-45 дараҷа гарм, дар шимоли кишвар — вилояти Суғд шабона 21-26, рӯзона 38-43 ва дар навоҳии тобеи марказ шабона 20-25, рӯзона 38-43 дараҷа гарм мешавад.
Дар навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар қиёс ба дигар минтақаҳои кишвар нисбатан салқин буда, марудми ин минтақаи баландкӯҳи кишварамонро гармии тоқатфарсо азият намедиҳад, зеро ҳарорати ҳаво дар рӯзҳои 12-15 июл дар шарқи Бадахшон шабона 16-21, рӯзона 32-37 ва дар ғарби Бадахшон шабона 4-9, рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад.
Дар рӯзҳои 12-15 июл ҳарорати ҳавои пойтахти ҷумҳурӣ -шаҳри Душанбе шабона ба 20-22 ва рӯзона ба 40-42 дараҷа гармӣ мерасад.
Имрӯз, 10 июл ҳавои пойтахти ҷумҳурӣ рӯзона 36-38 ва шабона 17 -19 дараҷа гарм мешавад.








Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд






