Дар Екатеринбург вохӯрии масъулини Сафорати Тоҷикистон бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик доир гардид

Октябрь 29, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 29.10.2025 /АМИТ «Ховар»/.  27-28 октябр масъулини Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар якҷоягӣ бо Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ва Намояндаи Намояндагии Вазорати меҳнат,  муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урали Федератсияи Русия бо ҷавонон ва  донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи федералии Урал, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Урал ва Донишгоҳи давлатии нақлиёти Урал таҳсил мекунанд, вохӯрӣ  намуданд. Дар ин хусус мухбири махсуси АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Бо донишҷӯён оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи 34 соли Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон суҳбат доир гардид.

Таъкид гардид, ки дастгирии ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонон нақши муҳим дорад.

Дар ҷараёни суҳбат намояндагони Сафорат масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва дурӣ ҷустани онҳоро аз ҳамроҳшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни ифротӣ таъкид намуданд. Аз ҷавонон даъват шуд, то зиракии сиёсиро аз даст надода, худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватанро ҳамчун арзишҳои волои миллӣ ҳифз намоянд.

Инчунин масъулини Сафорат таъкид намуданд, ки донишҷӯёни тоҷик бояд дар дарсҳо ва дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳҳо фаъолона иштирок намуда, дар таҳкими дӯстии ҷавонони ду давлат саҳми худро гузоранд.

Ҳамзамон изҳор гардид, ки донишҷӯён бо иродаи қавӣ, дониши мукаммал ва одобу ахлоқи ҳамида амал намуда, аз ҳар гуна ҷинояткорӣ, ҳодисаҳои номатлуб ва пайравӣ аз равияҳои бегонаи динӣ худдорӣ намоянд.

Бо муроҷиат ба донишҷӯёни тоҷик ва ёдоварӣ аз муҳтавои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо ҷавонони мамлакат таъкид шуд, ки: «имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кадрҳои баландихтисос эҳтиёҷ дорад ва шумо одамони хушбахт мебошед, ки имконияти хуби таълимро доред. Бино бар ин, аз шароити мусоиди бароятон фароҳамгашта хуб истифода бурда, илм омӯзед, соҳибкасб шавед ва давлат шуморо ҳатман қадр хоҳад кард».

Дар анҷоми вохӯрӣ ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки вақти озоди худро бештар ба омӯзиши касбҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва илму техникаи навин равона созанд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 29, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

17 июл дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
15 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
14 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад