Медали тиллои М. Абдураҳмонов ва нуқраи К. Устопириён дар Тайван
Душанбе, 27.07.2015 (АМИТ «Ховар»).-Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи кушодаи Осиё оид ба дзюдо «Asian Judo Open Taipei 2015» дар Тайван ду медал — як тилло ва як нуқра — ба даст оварданд.
Тавре ки аз маркази матбуоти КМО Тоҷикистон хабар доданд, мусобиқаи кушодаи Осиё оид ба дзюдо «Asian Judo Open Taipei 2015» дар Тайван рӯзҳои 25-26 июл баргузор шуд. Дар мусобиқа 180 варзишгар (109 мард и 71 зан) аз 28 кишвар ширкат дошт.
Тоҷикистонро дар «Asian Judo Open Taipei 2015» се паҳлавони маъруфи тоҷик — Комроншоҳи Устопириён, Саидҷалол Саидов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов намояндагӣ карданд. Ҳар се рӯзи 26 июл барои ҷоизаҳо мубориза бурданд.
Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар рақобатҳо дар вазни беш аз 100 кило баъди пирӯзӣ бар Ҷуян Ли (Кореяи Ҷанубӣ) дар даври ниманиҳоӣ Ченг-Лианг Ҳсияои тайваниро шикаст дод ва ба ҳаққи ширкат дар даври ниҳоӣ мушарраф гашт. Муҳаммадмурод дар қувваозмоии ҳалкунанда бар рақиби дигари тайваниаш — По Йен Ли — ғолиб омад ва бо медали тилло сарфароз гашт.
Паҳлавони дигари тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило нахуст бар Вей Чен Чанг (Тайван) пирӯз шуда, дар даври ниманиҳоӣ Хинзао Ченгро аз Чин шикаст дод ва ба финал баромад. Вале Комроншоҳ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Миҳаэл Зганк (Словения) мағлуб гардид ва барои мақоми дувум бо медали нуқра сарфароз гашт.
Намояндаи дигари Тоҷикистон Саидҷалол Саидов дар рақобатҳо дар вазни то 100 кило баъди пирӯзӣ дар даври аввал бар Ҳан-Чин Тсенг (Кореяи Ҷанубӣ) дар даври дувум аз Ҷонгҳун Вон (Кореяи Ҷанубӣ) шикаст хӯрд. Баъдан Саидҷалол аз Дуке Дидир (Австрия) ноком гашт ва аз ҳаққи мубориза барои медалҳо маҳрум шуд. Дар натиҷа Саидҷалол Саидов мақоми ҳафтумро касб кард.
Ба ин тартиб, ҳар се паҳлавони тоҷик, ки барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Бразилия талош мекунанд, дар раддабандии ҷаҳонии беҳтарин дзюдочиёни олам ҳар кадом соҳиби имтиёзҳои муқарраршуда гардиданд.
Тоҷикистон дар ҳисоби умумидастаӣ бо 2 медал — 1 тилло, 1 нуқра — дар байни 28 кишвар ҷойи чаҳорумро касб кард. Дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо 20 медал (5-4-11) мақоми аввалро соҳиб шуд. Дастаи Словения (3-1-3) ҷойи дувум ва тими Канада (1-2-0) ҷойи севумро гирифтанд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






