«Миллият»: Шаҳрвандони Тоҷикистон дар наздикии марзи Сурия боздошт шуданд
Душанбе, 13.07.2015. (АМИТ «Ховар»).- Тибқи иттилои нашрияи «Миллият»-и Туркия, мақомоти амниятии Туркия 25 шаҳрванди хориҷиро, ки бештарашон табааи Тоҷикистон буданд, дастгир намуданд. Дастгиршудагон азми ба Сурия рафтанро доштанд.
Нашрияи «Миллият» хабар медиҳад, ки ин нафарон шоми 12 июл дар вокзали байнишаҳрии автобусҳои Ғозиёнтап дар наздикии сарҳади Туркия дастгир шудаанд. Бархе аз онҳо бо зану фарзандонашон буданд. Бино ба иттилои нашрия баъзе аз дастгиршудагон дар баёноташон навиштаанд, ки мехостанд барои муҳоҷират ба Сурия раванд.
Рӯзномаи «Миллият»-и Туркия хабар медиҳад, ки дар зарфи 3 рӯзи охир дар шаҳри Ғозиёнтап дар амалиёте 45 табааи хориҷӣ дастгир шуд, ки нияти рафтан ба Сурияро доштанд. Мақомоти амниятии Туркия назорати гашту гузори хориҷиёнро дар ин минтақа сахттар кардааст. Ҳамаи боздоштшудагон дар шифохонаи давлатии Эрсин Арслони Ғозиёнтап аз ташхиси тиббӣ гузашта, ба боздоштгоҳи раёсати зиддитеррори пулис бурда шудаанд. Қарор аст ҳамаи онҳоро ба кишварҳояшон «депортатсия»кунанд.
Ду рӯз аз ин пештар расонаҳои давлатии Туркия гузориш доданд, ки дар амалиёте дар шаҳри Кочалӣ дар наздикии сарҳади Сурия 21 узви гурӯҳи «Давлати исломӣ»-ро дастгир карданд ва се нафари онҳо хориҷиёне буданд, ки мехостанд ба Сурия бираванд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дурустии ин хабарро таҳқиқ мекунанд.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






