«Миллият»: Шаҳрвандони Тоҷикистон дар наздикии марзи Сурия боздошт шуданд

Июль 13, 2015 09:04

Душанбе, 13.07.2015. (АМИТ «Ховар»).- Тибқи иттилои  нашрияи «Миллият»-и Туркия, мақомоти  амниятии Туркия 25 шаҳрванди хориҷиро, ки  бештарашон  табааи Тоҷикистон буданд, дастгир намуданд. Дастгиршудагон азми  ба Сурия рафтанро доштанд. 
Нашрияи «Миллият» хабар медиҳад, ки ин нафарон шоми 12 июл дар вокзали байнишаҳрии автобусҳои Ғозиёнтап дар наздикии сарҳади Туркия дастгир шудаанд. Бархе аз онҳо бо  зану фарзандонашон буданд. Бино ба иттилои нашрия  баъзе аз дастгиршудагон дар  баёноташон навиштаанд, ки мехостанд барои муҳоҷират ба Сурия раванд.
Рӯзномаи  «Миллият»-и Туркия хабар медиҳад, ки дар зарфи 3 рӯзи охир дар шаҳри Ғозиёнтап дар амалиёте 45 табааи хориҷӣ дастгир шуд, ки нияти рафтан ба Сурияро доштанд. Мақомоти амниятии Туркия назорати гашту гузори хориҷиёнро  дар ин минтақа сахттар кардааст. Ҳамаи боздоштшудагон дар шифохонаи давлатии Эрсин Арслони Ғозиёнтап аз ташхиси тиббӣ гузашта,  ба боздоштгоҳи раёсати зиддитеррори пулис бурда шудаанд.  Қарор аст ҳамаи онҳоро ба кишварҳояшон «депортатсия»кунанд.
Ду рӯз аз ин пештар расонаҳои давлатии Туркия гузориш доданд, ки дар амалиёте дар шаҳри Кочалӣ дар наздикии сарҳади Сурия 21 узви гурӯҳи «Давлати исломӣ»-ро дастгир карданд ва се нафари онҳо хориҷиёне буданд, ки мехостанд ба Сурия бираванд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дурустии ин хабарро таҳқиқ мекунанд.

 

Июль 13, 2015 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид