ММТ: Довталабон ҳуқуқи додани аризаи апеллятсиониро доранд
Душанбе, 24.07.2015. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).-Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бо мақсади таъмин ва риояи ҳуқуқ ба арзёбии воқеии донишу маҳорати довталаб ба ӯ ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз натиҷаи имтиҳонҳо дода шудааст.
Бино ба иттилои ММТ, қабули аризаҳои апеллятсионӣ дар давоми 3 рӯз пас аз эълони натиҷаҳо, яъне рӯзҳои 25‑ум 27‑уми июли соли равон дар дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшҳои минтақавии он дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Хоруғ ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Кӯлоб, Данғара ва Рашт ба роҳ монда мешавад.
Хотиррасон менамоем, ки баррасии аризаи апеллятсионӣ маънои аз нав имтиҳон супоридан ё имконияти бо ин ё он роҳ ба даст овардани холи намерасидаро надошта, балки дар ҷараёни он танҳо дурустии натиҷаҳои имтиҳонсупории довталабе, ки аризаи апеллятсионӣ додааст, санҷида мешавад.
Агар натиҷаи имтиҳонҳои довталаб дурусту ҳақиқӣ бошад, комиссияи апеллятсионӣ ҳуқуқи ба довталаби аз ин ё он субтест(фан) холи гузаришро соҳибнашуда додани холро надорад.
Комиссияи апеллятсионӣ тибқи тартиб дар дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад ва аризаҳои пешниҳоднамудаи довталабонро дар давоми то 7 рӯз баррасӣ намуда, довталабони аризадодаро аз натиҷаҳои баррасӣ огоҳ менамояд.
Аз рӯйи натиҷаи баррасии аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз натиҷаҳои имтиҳон комиссияи апеллятсионӣ метавонад, ки яке аз қарорҳои зеринро мувофиқан қабул намояд.
Аризаҳои апеллятсионии танҳо барои шинос шудан бо варақаи ҷавобҳои пуркардаи довталаб пешниҳодшуда баррасӣ карда намешаванд, зеро нусхаи варақаҳои ҷавобҳои пуркардаи ҳар довталаб дар кабинети инфиродиаш гузошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки натиҷаҳои дар имтиҳонҳо аз субтестҳо (фанҳо) бадастовардаи ҳар довталаб бо нишон додани хол, бал ва маълумот дар бораи соҳиб шудан ё нашудани довталаб ба холҳои гузариш ва роҳ ёфтан ё наёфтани ӯ ба озмуни тақсимот 25‑уми июл эълон карда мешаванд.








РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!






